ВЕБИНАР: ТАВСЕАИ САЛОҲИЯТИ ТИК ДАР ТАЙЁР НАМУДАНИ ОМӮЗГОРОН

23 октябри соли 2026 вебинари «Тавсеаи салоҳияти ТИК дар тайёр намудани омӯзгорон: салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодаи ахлоқӣ ва масъулонаи зеҳни сунъӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар доираи лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика), таҳсилоти касбию техникӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон» доир шуд.
Дар вебинар муовини ректори донишгоҳ Ғаффорзода Ф.М. ва мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ Абдуллоев У.Ҳ. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вебинар таҳкими салоҳияти рақамӣ ва фароҳам овардани замина барои истифодаи ахлоқӣ ва масъулонаи зеҳни сунъӣ дар раванди омодасозии омӯзгорони оянда буд.
Дар ҷараёни вебинар иштирокчиён бо талаботи тахассусӣ оид ба салоҳияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии омӯзгор (СТИКО), ки се сатҳи салоҳиятро дар бар мегирад, шинос шуданд. Ҳамчунин, курсҳои омехтаи омӯзишии аз ҷониби ЮНЕСКО таҳияшуда, ки дар платформаи низоми идоракунии омӯзиш (НИО) – omuzgorpro.tj – ҷойгир шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни муҳокима масъалаҳои ворид намудани салоҳияти СТИКО ва принсипҳои истифодаи ахлоқии зеҳни сунъӣ ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкили таҷрибаомӯзии педагогӣ ва рушди касбии омӯзгорон баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён аҳамияти истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии омӯзгорони ҷавобгӯ ба талаботи муосири соҳаи маориф таъкид намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди салоҳияти рақамии омӯзгорон, такмили раванди таълим ва густариши истифодаи масъулонаи технологияҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Leave a Reply