ВАТАНДОРӢ – МУҲИМТАРИН АРЗИШИ МИЛЛӢ

ВАТАНДОРӢ – МУҲИМТАРИН АРЗИШИ МИЛЛӢ
(Ба ифтихори 32 -юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ)
Ватандорӣ яке аз арзишҳои муҳими миллии мо ба ҳисоб рафта, дар осори фарҳангиамон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳануз аз шаклгирии аввалин давлатҳои миллӣ гузаштагони мо ҷиҳати ҳифзи сарзамин дар баробари ҳуҷуму ҳамлаи бегонагон истодагарӣ намуда, дар баробари онон муқовимат мекарданд ва қаламрави хешро аз ин ҳуҷуму ҳамалот ҳифз менамуданд. Ҳануз дар ҷомеаи ибтидоӣ, ки замони бархурди оилаву қабилаҳо ба хотири ба даст овардани маводи моддӣ сурат мегирифт, маҳз ҳамин замон аст, ки нерӯ ва мардиву мардонагӣ ҳамчун категорияи ахлоқӣ шакл мегиранд ва замони гузариши ҳокимияти модарсолорӣ ба ҳокимияти падарсолор аз ҳамин даврон шуруъ мешавад. Дар дарозои тамаддуни инсонӣ ҷаҳон ҳамеша ҷойи муборизаи инсонҳо будааст ва ин муборизот ҳамеша ба хотири ҳифзи умуиятҳои иҷтимоӣ дар шакли халқият ва миллату давлат шакл гирифтаанд. Дар ин бархурдҳо танҳо умумиятҳои иҷтимоие тавонистаанд хешро ҳифз кунанд, ки дар муборизот ҷоннисор бошанд ва ғолиб оянд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин муборизот ҳазорон қавму қабилаҳо ки мағлуб гардидаанд аз байн рафтааннд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ қадимияти навиштаҷотӣ ва таърихии миллати мо ба 8 ҳазор сол бармегардад. Ин баёнгари он аст, ки сабаби мондагорӣ халқи мо дар ин шебу фарози таърих марбут ба хислати асосии онҳо ки мубориз будану номуси ватандорӣ доштан ва далеру ғаюр будан аст. Вақте ба сарчашмаҳои таърихӣ назар меафканем мебинем, ки мардуми мо дар тули таърих ҳамеша ҷиҳати ҳифз кардани сарзамини аҷдодӣ қаламрави зист, хонаву дар ва ҳамсару пайванд ҳамеша ҷоннисор буда, ин амалҳоро новобаста аз ҷойгоҳу дараҷаи иҷтимоӣ анҷом додаанд. Ҳамин аст, ки мубориз будани гузаштагони моро ҳам дар чеҳраи шоҳону мансабдорон ва ҳам дар чеҳраи мардумони оддии ин сарзамин мушоҳида мекунем. Ҳатто дар куҳантарин асотири мардуми мо Ҷамшеди пешдодӣ дар муқобили тирагӣ, сардӣ ва гуруснагию нобудӣ мубориза бурда, ба мардум гармӣ, рушаноӣ, некӣ ва фарвониро эҳдо мекунад. Албатта дар ин асотир торикию сардӣ дар рамзи душман таҷассум ёфта, рушноию фаровонӣ рамзи пирӯзию адолат аст. Тамоми асотири мо сухан аз далерию қаҳрамонӣ мегӯянд. Ин гуна далерию қаҳрамониро мо ҳазорон ҳазор, дар ҳар марҳилаи таърихӣ эҳсос мекунем ва он чи дар даврони Ҳахоманишиён ва чи дар даврони Сосониён ва баъдан Сомониёну давлатдориҳои дигар баръало ба чашм мерасад. Махсусан вақте ба куҳантарин сарчашмаи таърихиамон шоҳномаи Фирдавсӣ муроҷиат мекунем, мебинем ки яке аз қисматҳои муҳими онро достонҳои қаҳрамонӣ ташкил медиҳанд ва қаҳрамонони зиёде ба мисли Геву, Тусу, Эраҷу, Сому, Сиёвушу, Гардевазу, Баҳром, Исфандиёр ва даҳҳои дигарро метавон номбар кард, ки ба хотири пояндагии сарзамин ва халқу давлати худ ҷоннисорона мубориза бурдаанд. Махсусан симои қаҳрамонии Рустами Дастон нотакрор аст, ки он идеали баланди қаҳрамонӣ, далерӣ ва ватандӯстӣ аст. Ин ҷо як масъаларо бояд қпёд кард, ки Фирдавсӣ дар симои Рустам ҷасорату ватандӯстиро то ҳадде боло мебарад, ки ба воситаи он нишон медиҳад, муқаддас будани Ватан ва сарзамин то ҳаддест, ки ҳатто агар фарзанд аз ҷониби мухолиф бар марзу буму сарзамин юриш кунад, Рустам ҳимояти Ватанро аз он боло меҳисобад. Ҳамин аст, ки Фирдавсӣ арзиши Ватану ватандорӣ ва далерию ҳифзи сарзаминро аз тамоми арзишҳои дигар боло мегузорад.
Дар таърихи фарҳанги мо далерӣ ва ватандӯстӣ на танҳо хоси мардон, балки хос бо занон низ будааст. Онро мо метавонем дар шахсиятҳое аз қабили Бурондухт, Меҳрмоҳ, Таҳмина, Фарангис, Манижа, Гурдофарид ва амсоли ин мушоҳида намуд. Чунин ба назар мерасад, ки дар таърихи фарҳанги мо мардию ҷавонмардӣ махсус ба нафароне нигаронида мешавад, ки онҳо баҳри дифои мардум, сарзамин ва фарҳангу урфу одат мубориза бурда, хоку марзи хешро ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ аз вайрон шдуан дар зери пойи бегонагон ҳифз намудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки арзиши номуси ватандорӣ ҳамеша барои мардуми мо аз тамоми арзишҳои дигар болотар будааст. Ҳарчанд пас аз шикасти давлати Сомониён, султаҳои бегонаи зиёди туркию муғулӣ сари кор омадаанд, аммо ин арзиш дар зеҳнияти маҳҳалию мардумӣ ҷойгоҳи хешро аз даст надодааст. То ҳанӯз ҳам ғаюрию ҷасурӣ, диловарию ҷоннисорӣ барои ҳифзи марзу буму сарзамин дар андешаи тамоми мардуми тоҷик шуруъ намуда, аз мардуми манотиқи Бадахшон то ба Хатлону Суғду Зарафшон ҳамчун арзиши муҳими миллӣ ҷойгоҳи хосае дорад. Ҳамин арзиши баланд будааст, ки дар дарозои таърих мардумони сарзамини мо алайҳи бегонагон ҷангидаву ҷоннисорӣ намуда, қаҳрамонона Ватану сарзамини хешро ҳифз намудаанд. Дар даврони навин низ пас аз мустақаршудани ҳукумати Шуравӣ садҳо фарзандони баномуси кишвар бар алайҳи ҷараёни зиддишуравии босмачигарӣ ҷоннисроӣ намуда, дар охир онро аз байн бурданд. Дар даврони ҷанги ҷаҳонии дуюм низ садҳо аз фарзандони Тоҷикистони азиз ба артиш даъват шуда, иддае аз онҳо ҷоннисорию қаҳрамониҳо намуда, дар сангарҳои майдони ҳарбу зарб ҷонихешроаз даст додаанд. Қисмати аз онҳо ба унвони баландтарин- Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ низ ноил гардидаанд. Дар марҳилаи расидан ба истиқлол, ки ҷанги шаҳрвандӣ бо таъсири омилҳои хориҷӣ ба вуҷуд омад ва вуҷуди давлату миллат, истиқлолияти кишварро зери савол гузошт, фарзандони баномуси кишвар аз тамоми маҳаллу манотиқи Тоҷикистон даври ҳам омада, тавонистанд ҳукумати конститусиониро дубора барқарор намоянд ва кишварро аз хатари нобудӣ наҷот диҳанд.
Тавре дар боло зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бомдоди истиқлол гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида, аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ тамоми дороияшро аз даст дод. Дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи давлатдории навин сайъу кӯшиш ва ғайрату матонати фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари давлат аз рӯзи ба сари ҳокимият омадан дар таҳким бахшидани сулҳу субот дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ дар таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муҳим андешида, 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Сипас, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бори нахуст гузашти низомӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мардуми шарифи кишвар 32-юмин солгарди онро таҷлил менамоянд
Ин сана воқеан барои давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлол нақши бағоят муҳим дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, он дар тамоми лаҳзаҳо барои амнияти давлату миллат, ҳифзи сарҳадот, рафъи хатароти афзояндаву таҳдидкунанда ба ба осудагии зиндагонии мардуми кишвар ҳамчун сипар хидмат менамояд. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ба як артиши қавӣ табдил ёфтани Артиши Миллӣ ва бо техникаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин намуданаш пайваста чораҳои амалӣ меандешанд. Ҳамин аст, ки имрӯз бо боварии комил метавон иброз дошт, ки Артиши Миллӣ амнияти кишварро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир метавонад эмитн нигаҳ дорад.
Ҳамин тавр пас аз даврони истиқлол зимни хатарҳои гуоногуне, ки аз берун ба сарҳадоти кишвари Тоҷикистон сурат гирифт, Артиши миллӣ ва фарзандони ғаюру диловари тоҷик истодагарӣ намуда, якпорчагии кишварро аз ин ҳамлаҳо дифоъ намуданд. Дар ҳаргуна бархурдҳо, ки таҳдид ба амнияти давлату миллат буд фарзандони ба ору номуси Ватан ҷонбозӣ намуда, дар муқобили душманон истодагарӣ карда, нагузоштанд як каф хоки ин сарзамин ба дасти бегонагон гузарад. Онҳо бо матонату ҷасорат ва ғаюрию диловарии худ осоишу амнияти кишварро таъмин намудаанд. Дар ин бархудрҳову набардҳо мутаассифона иддае аз фарзандони бебоки Ватан ҷони худро сипар намуда, кишварро ҳимоят карданд ва қаҳрамонона ба ҳалокат расиданд.
Ҳоло ки дар арафаи 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ қарор дорем, тамоми сокинони кишварро ба ин санаи фархунда хуҷастабод мегӯям. Барояшон ифтихори баланди ватандӯстиву давлатмадориро таманно дорам.
Исомиддин Шарифзода,
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеология