Рӯзи 21-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони JICA, аз ҷумла мушовирони самти технологияҳои рақамӣ, инчунин роҳбарияти Донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ таъкид намуд, ки рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омодасозии мутахассисони баландихтисос барои иқтисоди рақамӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамзамон, ректор изҳор дошт, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо JICA, барои таҳкими иқтидори илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳ аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои таълимӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар иқтисодиёт ва омодасозии кадрҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони JICA пешниҳод намуданд, ки барои рушди самти мазкур татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, таъсиси лабораторияҳои муосири зеҳни сунъӣ ва робототехника, инчунин таҳкими инфрасохтори рақамӣ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин, зарурати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар самти идоракунии додаҳои калон (Big Data) ва системаҳои интеллектуалӣ махсус таъкид гардид.
Дар идомаи мулоқот Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо JICA ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Ӯ зикр намуд, ки Донишгоҳ аллакай дар самти омодасозии кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ қадамҳои устувор гузошта, нахустин хатмкунандагони ин ихтисосро ба бозори меҳнат пешниҳод хоҳад намуд. Ба гуфтаи ӯ, ташкили курсҳои муштараки омӯзишӣ бо ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон, аз ҷумла донишгоҳи Токио, инчунин роҳандозии барномаҳои табодули академӣ барои рушди минбаъдаи соҳа аҳамияти муҳим доранд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ, таҳкими таҳсилоти рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ густариш дода, тавассути рушди ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои илм, технология ва иқтисоди рақамии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

