Озмуни ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат”

Имрӯз, 21 майи соли 2025, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври аввали (донишгоҳӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид.
Озмун тибқи низомномаи тасдиқшуда сурат гирифта, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба интихоб гардиданд. Дар он донишҷӯёни соҳибистеъдоду болаёқати ҳамаи факултетҳо иштироки фаъолона доштанд.
Ҳайати ҳакамон ҳар як иштирокчиро дақиқу мушикофона мавриди пурсиш қарор дода, ба мутолиаи амиқ ва таҳлилии асарҳои Пешвои миллат ҳидояту тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар интиҳои озмун, пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо, ҳайати ҳакамон иштирокчиёни арзандаро бо баҳогузории воқеъбинона ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷавонон тавассути шиносоии амиқ бо асарҳои арзишманди Пешвои миллат мебошад.
Ин иқдом заминаест барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳлилгарии насли ҷавон дар замони муосир.
ДТТ, 21.05.2025