МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ХАТМ БА ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ЗАБОНОМӮЗИИ КОРЕЯГӢ

“Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.” (Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21.12.2021с.).
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мунтазам корҳоро роҳандозӣ намуда, вобаста ба вусъат бахшидани корҳо дар самти забономӯзӣ дар ҳамкорӣ бо Институти забономӯзии Шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ курсҳои забономӯзии кореягиро ба роҳ мондааст.
Бояд ёдовар шуд, ки санаи 28 октябри соли 2022 дар донишгоҳ Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея дар назди Донишгоҳ кори худро ифтитоҳ бахшида, бо ду синфхонаи лингофонӣ ба истифода дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маркази мазкур на танҳо донишҷӯён, инчунин хоҳишмандон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба курсҳои забономӯзии кореягӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардидаанд. Зимнан дар муддати се моҳи охир аз 160 нафар номнависшудагон бо ҷалби устодон аз Корея аз курсҳои забономӯзии кореягӣ гузашта, бо супоридани имтиҳони хатм 148 нафарашон курси мазкурро бомуваффвқият хатм намуданд. Дар ин асно дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки консули сафоратхонаи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Ҷисон маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатм баргузор гардид. Қаблан муовини ректор – Ғафоров Ф.М. ба сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи раёсати Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба ҳамкориҳои тарафайни миёни Донишгоҳ ва Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея баромад намуд. Баъдан дар суханронии худ ҷаноби Ли Ҷисон иброз дошт, ки дар замони муосир донистани забонҳо яке аз омилҳои калидии муваффақияти ҳар як шахс ба шумор рафта, фаъолияти чунин марказҳо муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни халқиятҳо мебошад. Баъд аз супоридани шаҳодатномаҳои хатм ба шунавандагони курси забономӯзии кореягӣ, чорабинии фарҳангӣ бо хондани сурудҳои кореягӣ ва иҷрои рақси кореягӣ баргузор гардид.
ДТТ, 21.05.2025