Мубодилаи академии байналмилалӣ

Идораи равобити хориҷӣ ба диққати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) мерасонад, ки Донишгоҳи Гранада (UGR, Испания) дар ҳамкорӣ бо ДТТ дар доираи лоиҳаи барномаи Эразмус+ KA-171 – «Мубодилаи академии байналмилалӣ» барои дарёфти стипендия оид ба омӯзиши кормандони маъмурӣ ё омӯзгорӣ дар департаментҳо ё шӯъбаҳои UGR ва иштирок дар ҳафтаи байналмилалӣ озмуни кушод эълон намудааст.
Ҷиҳати соҳиб гардидан ба стипендияи мазкур барои кормандони маъмурӣ ё омӯзгорӣ дар департаментҳо ё бахшҳои UGR, номзадҳо бояд бо ҳамкасбонашон аз UGR тамос гиранд ва нақшаи кориашонро бо онҳо мувофиқа кунанд.
Барои иштирок дар ҳафтаи байналмилалие, ки аз ҷониби UGR ташкил карда мешавад, лутфан ба истиноди зер пайравӣ кунед, ки дар он шумо барнома, мӯҳлатҳои дархост ва маълумоти иловагӣ доир ба чорабиниҳои банақшагирифташударо пайдо карда метавонед.
Ҳайати омӯзгорон барои Гранада:
Ин фаъолият ба ҳайати омӯзгорони донишгоҳи шарик имкон медиҳад, ки дар UGR ҳадди ақал 8 соат дарс диҳанд. Барои иштирок дар ин мубодила, довталабон бояд ба истиноди зер барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи қадамҳои минбаъда ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пайравӣ кунанд.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut@90gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.