Ҷиҳати иҷрои бандҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» аз 27 майи соли 2017, таҳти №262 вохӯрии муовини ректор Ғафоров Ф.М. бо намояндагони ташкилотҳои қарзии “Хумо” ва “Спитамен Бонк” доир гардид.
Зимнан масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои самти иқтисодиёт ва ТИ, тартиби иштирок дар озмӯни ишғоли вазифаҳо, шиносоии хамткунандагон бо сиёсати кадрии ташкилотҳои мазкур, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён-хатмкунандагон ба гурӯҳҳои захиравии кадрӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
ДТТ, 28.01.2025