(Эҳдо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва нишонаи сарбаландиву ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Парчами давлатӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон мақоми хосса дошта, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ сабт гардидааст. Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибистиқлолии мамлакат, балки таҷассумгари орзуву ормонҳои чандинсолаи миллати тоҷик барои расидан ба озодӣ, ваҳдат ва зиндагии осоишта мебошад.
Мувофиқи маънидоди рамзии рангҳои Парчами давлатӣ, ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи сулҳу осоиштагӣ, покиву равшанӣ ва бахту саодат, ранги сабз бошад, ифодагари табиати зебо, сарсабзӣ, ободӣ ва ҳаёти ҷовидонаи миллат мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситора дар маркази парчам рамзи давлатдории миллӣ, соҳибихтиёрӣ, саодат ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии шаҳрвандон табдил ёфтааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзу гиромидошти онҳо барои таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар баргузории чорабиниҳои расмӣ ва таҷлили санаҳои таърихӣ маҳдуд намегардад. Он пеш аз ҳама, дар рафтору кирдор, муносибати масъулиятнок ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи қонунгузорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамчунин, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд, махсусан кормандони соҳаи маориф ва мақомоти давлатӣ мебошад. Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки Парчами давлатӣ рамзи ягонагии миллат ва масъулияти ҳар яки мо дар назди Ватан аст.
Имрӯз дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ барои ободиву пешрафти Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи пешрафта талош менамоянд. Парчами мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва дорои фарҳанги қадима парафшонӣ мекунад.
Боварии комил дорем, ки бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Ватан ва риояи қонунгузории кишвар мо метавонем дар ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузорем.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, сулҳу субот пойдор, ваҳдати миллӣ устувор ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу сарсабз бошад!
Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин, муовини ректори ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ
23.11.2026
![]()
