ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

19 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва II Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иқтисодиёти пешсафии технологӣ: бизнес, илм ва давлат» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, сохторҳои давлатӣ ва бахши соҳибкорӣ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди иқтисодиёти инноватсионӣ, пешрафти технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи конференсия муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба татбиқи стратегия ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғаффорзода Ф.М. тариқи маҷозӣ аз номи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ паёми табрикотӣ ироа намуд. Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки дар шароити дигаргуниҳои босуръати технологӣ ҳамкории самараноки давлат, илм, маориф ва соҳибкорӣ омили муҳими таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни суханронӣ аҳаммияти рушди иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, биотехнология, робототехника, маводи нав ва дигар самтҳои афзалиятноки инноватсионӣ махсус таъкид карда шуд. Ғаффорзода Ф.М. изҳори итминон намуд, ки чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои шарикӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Иштирок дар конференсия қадами муҳим дар самти муаррифии иқтидори илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Leave a Reply