6 – 7 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Бухоро (ДДТБ) -и Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияҳои сабз дар ҷаҳони муосир: чолишҳои асри XXI, инноватсияҳо ва маорифи устувор» доир шуд, ки дар он сардори Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) Раҳмоналӣ Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамоиш, ки олимону муҳаққиқонро аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Туркия ва Малайзия низ ба ҳам овард, масъалаҳои экологӣ, энергетика, рушди технологияҳои «сабз» ва низоми маорифи устувор баррасӣ шуда, маърӯзаи илмии муштараки ректори ДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва сардори Маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсияи ДТТ Раҳмоналӣ Шарифзода перомуни «Баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон: динамикаи низом, мутобиқат ба бозори меҳнат ва модели „Радари салоҳиятҳо“ барои гузаришҳои рақамӣ ва „сабз“ пешниҳод ва мавриди таваҷҷуҳи коршиносони хориҷӣ қарор гирифт.
Муаллифон дар заминаи таҳлили омори солҳои 2015–2024 «парадокси рушди экстенсивӣ»-ро ошкор намуда, модели инноватсионии «Радари салоҳиятҳо»-ро муаррифӣ карданд. Ин модел талаботи бозори меҳнат ва пешгӯиҳои сенариявиро дар низоми ягона муттаҳид месозад. Ҳамчунин, механизми маблағгузории натиҷагаро барои баланд бардоштани сифати таълим бидуни хатарҳои буҷетӣ пешниҳод шуда, матни илмии гузориш барои чоп дар маҷмӯаи расмии конференсия қабул гардид.
Гузашта аз ин, ҳозирин бо ҳамкориҳои байналмилалии ДДТБ, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Малайзия ва фаъолияти марказҳои тахассусии он маълумот пайдо карда, бо инфрасохтори таълимӣ: синфхонаҳои рақамии бо техникаи компютерӣ ва экранҳои интерактивӣ муҷаҳҳазгардида шинос шуданд.
Ҳамчунин вохӯриҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро баргузор гардида, омода намудани лоиҳаи Ёддошти тафоҳум дар самти таҳқиқоти муштарак, мобилияти академӣ ва татбиқи таҷрибаи «донишгоҳи сабз» мувофиқа шуд.


