Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи барномаи мубодилаи академии Erasmus+ Staff Mobility, аз 31 октябр то 4 ноябри соли 2026 ҳайати панҷнафараи омӯзгорону профессорон ва мутахассисони Донишгоҳи Неофит Рилскии шаҳри Благоевгради Ҷумҳурии Булғористон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ташрифи ҳайати мазкур бо мақсади гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, семинару тренингҳои омӯзишӣ, мубодилаи таҷрибаи касбӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самтҳои технологияҳои нассоҷӣ, дизайни либос, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин муайян намудани имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти байналмилаликунонии раванди таълиму таҳқиқот ва рушди мубодилаи академӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷараёни ташриф намояндагони Донишгоҳи Неофит Рилски бо омӯзгорон, профессорону муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрию мулоқотҳои корӣ ва илмӣ-таълимӣ баргузор намуда, мутобиқи самтҳои тахассусии худ машғулиятҳои таълимӣ, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва мастер-классҳои амалӣ гузарониданд. Ҳамзамон, зимни мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, густариши мубодилаи академӣ ва таҳкими равандҳои байналмилаликунонии фаъолияти таълимию илмӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, профессор Снежина Андонова барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-50010108 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ» аз фанни «Беҳсозии равандҳои технологӣ», дотсент Умме Капанак барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-19010105 – «Дизайни либос ва санъати мӯд» аз фанни «Тарроҳии бадеӣ», дотсент Габриела Атанасова барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-400301 – «Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ», инчунин профессор Николай Атанасов барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-45010301 – «Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ» машғулиятҳои таълимӣ гузарониданд.
Илова бар ин, Станислав Грозданов барои омӯзгорон ва донишҷӯён – волонтёрони забондон семинар-тренинги омӯзиширо дар мавзуи «Тартиби таҳияи лоиҳаи KA171: тавсияҳо ва хатогиҳои маъмул» баргузор намуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои омӯзгорону донишҷӯён имконияти мусоид фароҳам овард, ки бо таҷрибаи касбии мутахассисони хориҷӣ шинос шуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, мубодилаи афкор ва таҷрибаи касбӣ барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои таълимию илмӣ-таҳқиқотӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муассисаҳои шарики Ҷумҳурии Булғористон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар маҷмӯъ, ташрифи ҳайати Донишгоҳи Неофит Рилски ва баргузории чорабиниҳои таълимию омӯзишӣ дар доираи барномаи Erasmus+ Staff Mobility дар таҳкими ҳамкориҳои академии ду донишгоҳ аҳаммияти муҳим дошта, барои густариши минбаъдаи робитаҳои илмӣ-таълимӣ, рушди мубодилаи академӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам овард.

