КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

4.11.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Конститутсия – роҳнамои фардои босаодат» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Табрикоти ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия – кафили соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва рушди устувори давлат» аз ҷониби муовини аввали ректор Насриддинзода М. Ш. қироат гардид.

Қайд гардид, ки даврони сипаринамудаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон баръало нишон дод, ки роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст, роҳи дуруст ва ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои пасошуравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия, ин санади сарнавиштсоз, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз хурд то бузург мебошад. Зеро, Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад», – қайд гардид зимни баромад.

Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ ба ин муносибат аз ҷониби ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Зуҳал»-и донишгоҳ пешкаши иштирокдорон гардид.

Leave a Reply