Дар асоси нақшаи корӣ ва дастуру роҳнамоиҳои ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ 23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишҷӯёни курси якуми факултети муштараки Тоҷикистону Белорус – Донишгоҳи давлатии Полотск ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ дар мавзўи “Нақши стратегияҳои давлатӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи татбиқи стратегияҳо, д.и.т., профессор Иброҳимзода Х. И., муовини декани факултети муштараки ДДП ва ДТТ Латифзода Самандар ва зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни курси якум иштирок намуданд. Вохӯриро муовини декани факултет Латифзода Самандар ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти ватандӯстӣ, худогоҳӣ, якдилӣ ва нақши стратегияҳои давлатӣ дар рушди кишвар ибрози назар кард.
Дар идомаи вохӯрӣ мудири шуъбаи татбиқи стратегияҳо, профессор Иброҳимзода Х. И. доир ба иљрои талаботҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (марҳилаи аввал: барои солҳои 2026-2030) ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баромад карда, аҳамияти онҳоро дар таъмини амният, субот ва рушди устувори ҷомеа шарҳ дод. Аз ҷумла баромадкунанда оид ба аҳамияти махсуси ин стратегия, пешгирии ҳолатҳои гуногуни рух задани фасод дар соҳаҳои гуногуни самти фаъолияти одамон, роҳбарони муассисаҳо, ташкилот, вазорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни хизматрасониҳо ва подоши онҳо маълумот дода, аз ҳаёти маҳкумшудагони ба фасод дастзада дар маҳбасҳои режими сахт, мусодира кардани молу мулки аз фасод бадастомада маълумот овард. Дар ин бора оид ба таҷрибаи бойи Ҷумҳурии халқии Хитой мисолҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Дар фарҷом, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, баромадкунанда ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дод. Масъули чорабинӣ ҷавононро ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳушёрии иттилоотӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа даъват намуд. Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии устувор ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон аҳамияти муҳим дорад.

