ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАССОҶӢ БАРОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУҲАНДИСОНИ СОҲАИ САНОАТИ НАССОҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН» ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Аз 24 то 31 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Корея дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси Маркази технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон», ки бо маблағгузории Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) ба маблағи 10 миллион доллари ИМА дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барномаи омӯзишӣ ва табодули таҷриба баргузор мешавад.
Дар барномаи мазкур ҳайати расмии аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар иштирок дорад. Ба ҳайат намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода, инчунин ҳайати роҳбарикунандаи лоиҳа аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва ҳафт нафар намоянда шомил мебошанд.
Дар оғози барнома вохӯрии ҳайат бо президенти Институти илмию технологии ороиш ва рангуборкунии DYETEC Choi Jae-Hong ва менеҷери лоиҳа Won Seok Choi баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳа, таъсиси Маркази технологияҳои нассоҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, рушди заминаи моддию техникӣ, такмили инфрасохтори таълимию истеҳсолӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолотро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, ба истифодаи таҷрибаи Корея дар ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва такмили низоми тайёр кардани муҳандисону мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар идомаи сафар ҳайат бо фаъолияти озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотии Институти DYETEC, имкониятҳои таҷҳизоти муосири озмоишӣ ва усулҳои пешрафтаи таҳқиқу арзёбии сифати маҳсулоти нассоҷӣ шинос шуд. Аз ҷумла, технологияҳои рангубор ва коркарди матоъ, санҷиши хусусиятҳои физикию механикии маводи нассоҷӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибавӣ, инчунин роҳҳои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқот дар равандҳои истеҳсолӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Боздид аз озмоишгоҳҳо барои шиносоӣ бо таҷрибаи Корея дар ташкили таҳқиқоти соҳавӣ, такмили малакаҳои амалии муҳандисон ва истифодаи имкониятҳои илмӣ дар ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои муштарак байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Корея низ баррасӣ гардиданд.
Тибқи барномаи сафар, ҳайат дар тренингҳои омӯзишӣ оид ба рушди саноати нассоҷӣ, технологияҳои экологӣ ва рақамӣ иштирок намуда, аз Осорхонаи нассоҷии шаҳри Тэгу, Маркази тиҷоратии нассоҷӣ ва мӯди шаҳри Пусан ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ боздид менамояд. Ин чорабиниҳо барои омӯзиши таърихи ташаккул ва рушди соҳа, шиносоӣ бо дастовардҳои муосири саноати нассоҷии Корея ва баррасии имкониятҳои истифодаи таҷрибаи андӯхташуда дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур барои таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ ва истеҳсолии саноати нассоҷии Тоҷикистон, беҳтар намудани сифати таҳсилоти касбӣ, омода кардани муҳандисони рақобатпазир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар ин самт метавонанд ба рушди устувори соҳа, густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намоянд.

Leave a Reply