Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати коршиносони Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар заминаи барқияи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба тақвияти экосистемаи инноватсионии зеҳни сунъӣ ва IT-стартапҳо тавассути IT-Парк» доир шуда, ба баррасии роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои муосир ва инноватсия бахшида шуд.
Зимни вохӯрӣ аз номи ректори донишгоҳ, доктори илҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмононро мутмаин намуданд, ки оид ба масъалаҳои омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия, дастгирии ташаббусҳои стартапӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ғояҳои нави технологӣ дар донишгоҳ тамоми масъалаҳои баррасишуда мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва ҷалби иқтидори илмӣ-таълимии донишгоҳ дар татбиқи ташаббусҳои инноватсионӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Корея ва тақвияти робитаи илму маориф бо бахши технологияҳои рақамӣ метавонанд дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ва ташаккули экосистемаи муосири стартапӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оваранд.

