ФАТҲИ НАВБАТИИ ҚУЛЛАҲОИ ИЛМУ ТЕХНОЛОГИЯ АЗ ҶОНИБИ НАСЛИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки фазои илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боз як дастоварди назаррасро соҳиб гардид.
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-400301 – «Зеҳни сунъӣ» Маҳмадхонзода Фахриддин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, иштирок намуда, дар номинатсияи «Лоиҳаи инноватсионӣ» сазовори ҷойи якум гардид.
Ин дастоварди арзишманд бозгӯи истеъдод, дониш, малакаи эҷодӣ ва талошҳои пайвастаи донишҷӯёни донишгоҳ дар роҳи азхудкунии технологияҳои муосир мебошад. Ҳамзамон, он натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд, маҳсуб меёбад.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин дастоварди шоистаро ба Маҳмадхонзода Фахриддин, устодони кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ ва тамоми ҳайати омӯзгорони донишгоҳ самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодӣ муваффақиятҳои нав, ғолибиятҳои бештар ва фатҳи қуллаҳои баланди илму технологияро таманно менамоянд.
Ин ғалаба қадами устувор дар роҳи кашфи истеъдодҳои ҷавон, рушди зеҳни сунъӣ ва таҳкими иқтидори технологии кишвар аст!

Leave a Reply