Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинар дар мавзуи “Мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ: муаррифӣ, омӯзиш ва татбиқи пилотӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва омӯзгорони донишгоҳ, инчунин профессори Донишгоҳи Кочии Ҷопон иштирок намуданд.
Дар қисми ифтитоҳии семинар муовини ректори донишгоҳ оид ба равобити хориҷӣ Икромӣ Хуршед Икром, сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Мадҷон Мирзоалӣ ва сармутахассиси Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Наргис суханронӣ намуда, аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ, рушди малакаҳои касбӣ дар самтҳои банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва зарурати ворид намудани чунин малакаҳои амалиро ба низоми таҳсилоти олӣ таъкид намуданд.
Ҳамзамон, профессори Донишгоҳи Кочии Ҷопон Хироши Ниино, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба донишҷӯёни гурӯҳи таҳсилоташон бо забони англисӣ дарс медиҳад, оид ба таҷрибаи байналмилалӣ дар самти банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва омода намудани мутахассисони дорои малакаҳои амалии ин самтҳо суханронӣ намуда, аҳамияти истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва усулҳои муосири таълимро дар рушди малакаҳои касбии донишҷӯён таъкид кард.
Сипас, семинар ба муаррифии модули «Мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ» ва татбиқи амалии он дар доираи фанни элективии «Идораи лоиҳаҳо (Project Management)» дар донишгоҳ бахшида шуд.
Дар қисми амалии семинар профессор Хироши Ниино машғулияти интерактивиро дар мавзӯи “Project Cycle Management” (Идоракунии давраи лоиҳа) баргузор намуда, марҳилаҳои асосии таҳия, банақшагирӣ, татбиқ, мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳоро шарҳ дод. Иштирокчиён тавассути кори гурӯҳӣ масъалаҳои марбут ба муайян намудани ҳадафҳо ва натиҷаҳо, таҳияи нишондиҳандаҳо ва арзёбии натиҷаҳои лоиҳаҳоро амалӣ иҷро намуданд.
Дар рафти семинар таҷрибаи байналмилалӣ ва усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба истифодаи малакаҳои мазкур дар раванди таълим ва фаъолияти касбӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.


