10 октябри соли 2026 донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни машқи пагоҳирӯзии солимгардонӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинии зикршуда дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Миллати ҷисман солим — рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фарҳанги варзишу солимгардонӣ равона гардид.
Бо дастур ва роҳнамоии ректори донишгоҳ, доктори илмҳо иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муассиса аз субҳи барвақт дар ин иқдоми солимгардонӣ ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки машқҳои мунтазами пагоҳирӯзӣ яке аз роҳҳои муассири таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани неруи ҷисмонӣ, нигоҳ доштани болидагии рӯҳия ва пешгирии бемориҳо ба шумор мераванд. Чунин иқдомҳо дар ташаккули тарзи ҳаёти солим, тақвияти ҳисси масъулият нисбат ба саломатии шахсӣ ва тарғиби одатҳои муфиди рӯзмарра нақши муҳим доранд.
Иштироки фаъолонаи ҳайати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бозгӯи таваҷҷуҳи муассиса ба тарбияи ҷавонони солим, неруманд ва дорои рӯҳияи баланди созандагӣ мебошад.

