28 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ: эътимод, амният ва рушд: Аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ба платформаи глобалии ҳамкорӣ» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории онро, ки бо иштироки доираи васеи коршиносон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ҷараён гирифт, ташаббускорон – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фароҳам овардани майдони муколамаи илмӣ, технологӣ ва байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами рушди зеҳни сунъӣ (AI), амнияти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав маънидод карданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмонон ва иштирокдоронро ба маскани илму маърифат хайрамақдам гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули рӯзномаи глобалӣ оид ба рушди зеҳни сунъии бехатар саҳми арзанда мегузорад.
Хусусан, қабули ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 31-уми август ҳамчун “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” ҳамчун дастоварди бузурги кишвар дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.
Сипас, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода ва раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологҳо, Президенти Академияи идоракунӣ ва тиҷорати Тоҷикистон Шавкат Бозоров баромад карда, аҳаммияти стратегии рушди рақамикунониро дар кишвар афзалиятнок арзёбӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи асосии пленарӣ масъалаҳои идоракунии муҳити зеҳнӣ, амнияти маълумот ва трансформатсияи иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифта, маърӯзаҳои зерин пешниҳод гардиданд:
Ҳаким Исмоилзода: «Муҳити зеҳнӣ ҳамчун объекти нави идоракунӣ: зеҳни сунъӣ, амният ва трансформатсияи рақамии Тоҷикистон»;
Шавкат Бозоров, доктори илмҳои иқтисодӣ: «Роҳи сеюм: аз истифодаи зеҳни сунъӣ ба тафаккури тандемӣ ва технологияи такроршаванда»;
Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор: «Зеҳни сунъӣ ва трансформатсияи иқтисод: имкониятҳои нав ва талаботи нав ба иқтидори инсонӣ».
Инчунин, дар доираи барнома муаррифии силсилаи китобҳои «Тафаккури тандемӣ» баргузор гардид, ки дар он ғояҳои асосии муаллифон, нашрҳои нави илмӣ ва самти корҳои тадқиқотии минбаъда ба самъи ҳозирин расонида шуданд.
Коршиносон таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар самти ҷорӣ намудани AI ва стандартҳои бехатарии он мубодила намуда, перомуни афзоиши нақши агентҳои шахсии зеҳни сунъӣ ва таҳвили онҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсон таваҷҷуҳи махсуси ҳозиринро ҷалб карданд.
Дар баробари ин, мубодилаи мустақими андешаҳо доир ба ояндаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ сурат гирифт.
Дар анҷом иштирокчиён бо ҳамовозӣ Қатъномаи конфронси байналмилалӣ ва Муроҷиати интирокчиёнро баррасӣ ва қабул карданд, ки самтҳои асосии ҳамкории оянда, тақвияти тадқиқотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарии зеҳни сунъиро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахшҳои иқтисодӣ фаро гирифтаанд.
Ҳамоиш бо изҳори сипос ба ташкилкунандагон, меҳмонон ва иштирокчиёни фаъол ва ба умеди роҳандозии лоиҳаҳои нави инноватсионӣ хотима ёфт.
Идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

