Бо мақсади рушди ҳамкориҳои муштарак намояндагони Гурӯҳи муассисаҳои таълимии MERI (Ҳиндустон) – профессор Лалит Аггарвал, ноиби президент, профессор Лив Аггарвал, роҳбари самти инноватсияҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва профессор Рамакант Двиведи, директори Бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ ба меҳмонон оид ба фаъолияти донишгоҳ, сохтори таълимӣ, самтҳои асосии омодасозии мутахассисон, иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ, имкониятҳои рушди инноватсионӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои таълимӣ, инноватсия ва таҳияи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки густариши робитаҳои академӣ ва илмӣ, мубодилаи омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, ба роҳ мондани машғулиятҳо ва курсҳои муштараки фосилавӣ, инчунин ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ ва касбӣ метавонанд барои таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди ҳамкориҳои муассисаҳои ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барномаҳои такмили ихтисос, инчунин таҳия ва истифодаи платформаҳо ва барномаҳои рақамӣ барои идоракунии раванди таълим, арзёбии лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии ҷониби Ҳиндустон дар ин самт метавонад ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди малакаҳои рақамии омӯзгорон ва донишҷӯён мусоидат намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва MERI Group of Institutions ба имзо расонида шуд.

