Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ – «Тоҷикистон-2026» иштирок намуд

Дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ – «Тоҷикистон-2026» ва намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ ва бастабандӣ «UPAK EXPO 2026» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, содиркунандагон, сармоягузорон, соҳибкорон ва намояндагони муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар доираи форум ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмоназода Зоир Файзалӣ иштирок намуда, бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои соҳавӣ вохӯриҳои корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни форум бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилот, илм ва технология, инчунин рушди ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи илмҳои тиббии Гулистон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Созишномаи мазкур барои рушди ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ, табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои байнимуассисавӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иштироки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Форуми мазкур ва ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои тиббии Гулистон қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳисоб меравад.