АРҶГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як рӯйдоди муҳими таърихиву маънавӣ баргузор гардид, ки моҳияти он аз эҳтироми олии давлат ба фарзандони барӯманди миллат иборат буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи таърихи тоҷикон – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Ин иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар чунин як маросими дорои аҳамияти бузурги таърихӣ ва маънавӣ бозгӯи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти фарзандони содиқи миллат мебошад. Ҳар як чунин иқдом на танҳо амали рамзӣ, балки ифодаи возеҳи эҳтироми давлат ба шахсиятҳое мебошад, ки дар ташаккули давлатдории миллӣ саҳми бунёдӣ гузоштаанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои муайянсозии ҳудудҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Нисор Муҳаммад низ ҳамчун чеҳраи барҷастаи фарҳангӣ дар рушди андешаи миллӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа нақши муҳим гузоштааст.
Арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фарзандони фарзонаи миллат идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти эҳёи худшиносии миллӣ ва гиромидошти таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Ин сиёсат дар шароити соҳибистиқлолӣ ба як самти устувори рушди давлат табдил ёфта, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳузури Пешвои миллат дар ин маросим бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотираи таърихӣ ва хизматҳои фарзандони барӯманди миллат бо камоли масъулият ва эҳтироми олӣ муносибат менамоянд. Ин гуна иқдомҳо на танҳо гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, балки паёми равшан ба насли имрӯз ва фардо мебошанд, ки хизмат ба Ватан ва миллат ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Воқеан ин рӯйдод ҳамчун намунаи баланди арҷгузории олии давлатӣ ба таърих, фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи миллат арзёбӣ мегардад. Он бори дигар нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтироми гузаштагон, гиромидошти қаҳрамонон ва таҳкими худшиносии миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Ғафорзода Ф.М., муовини ректори ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply