ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Мӯҳтарам омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Сараввал ҳамаи шуморо ба ифтихори Соли нави мелодии 2026 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, барору комёрӣ ва саодату нишоти рӯзгорро орзумандам.
Соли 2025 дар ҳақиқат барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли дастоварду рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ буд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 16-уми декабр ироа гардид, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои сол дониста шуда, ҳамчун дастури раҳнамо дар рушди минбаъдаи мамлакат, ободиву шукуфоии он, боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва боло рафтани обрӯю нуфузи кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки дар соли сипаришаванда 35-солагии таъсисёбиашро бошукуҳи хосса таҷлил намуд, дар ин сол ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гардид, ки ҳамаи онҳо ба шарофати заҳматҳои зиёд ва дарки баланди масъулиятшиносии шумо – омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ба даст омадаанд. Аз ҷумла, дар ин сол 4-нафар омӯзгору корманди Донишгоҳ бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд. Дар соли 2025 аз ҷониби омӯзгорону профессорони донишгоҳ 86 номгӯйи китоб ва маводи таълимӣ, аз ҷумла, 7 китоби дарсӣ, 31 дастури таълимӣ, 38 дастури методӣ ва 13 монография таҳия ва 1 энсиклопедия аз чоп бароварда шудааст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар бо “Ҷоизаи давлатӣ барои омӯзгорон ва олимони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, 3 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон”, 3 нафар бо нишони МД «Маркази миллии патенту иттилоот», 5 нафар бо нишони “Корманди фахрии саноат”, 12 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони “Олими сол”, 3 нафар “Ихтироъкори ҷавон” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, 1 нафар бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо Медали нуқраи КИВИ 2025 (Кореаи Ҷанубӣ) ҳамчун зан-ихтироъкор, 7 нафар бо сертификатҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва патентшиносӣ сарфароз гардиданд.
Соли сипаришаванда натиҷаи 7 кори илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва 6 кори илмӣ – тадқиқотӣ дар раванди таълим татбиқи амалӣ пайдо карданд.
Омӯзгорону профессорони Донишгоҳ ва хонандагони Литсейи инноватсионии назди он дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” донишҷӯи донишгоҳ Комрони Шеро ҷойи 3-юм, хонандагони МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди донишгоҳ Сабринаи Абдурасул ҷойи 1-ум ва Орипов Аъзам ҷойи 3-юмро соҳиб гардиданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, хонандагони литсейи назди донишгоҳ Фотима Нуриддинова ҷойи 1-ум ва Мусаям Ғаффорова ҷойи 3-юмро ишғол намуданд
Фаъолияти Донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ низ назаррас буд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.
Дар соли сипаришаванда омӯзгорону кормандони Донишгоҳ сафарҳои хориҷии худро ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои илмии байналмилалӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Олмон, Италия, Испания, Россия, Ҳиндустон, Сингапур ва Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доданд. Шумораи умумии иштирокчиёни ин чорабиниҳо ба 42 нафар расид, ки ин нисбат ба соли 2024 қариб ду баробар зиёд аст.
Дастовардҳо дар самти таълиму тарбия низ хурсандибахш ҳастанд. Соли 2025 дар донишгоҳ 65 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 2 форуми байналмилалӣ, 10 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, 43 семинари илмӣ ва мизи мудаввар баргузор гардиданд.
Ҳамкасбони азиз, бо мақсади боз ҳам хубтар ба роҳ мондани сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир ва ба ин васила беҳтар намудани мавқеи Донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ саҳми арзишманд гузорем.
Итминони комил дорам, ки шумо – олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони арҷманд дар соли таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне соли 2026, дар рушди илму маориф, пешрафти иқтисодиёт ва ободию шукуфоии ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди хешро мегузоред.
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар Соли нави мелодиро бароятон муборакбод мегӯям!

Leave a Reply