Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар ҷомеа, рӯзи 8-уми декабри соли 2025 шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқиро дар доираи иқдоми ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ» баргузор намуд.
Дар ҳамоиш профессори кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қаюмзода Дилноза, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомиддин Умар, инчунин зиёда аз 180 нафар кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмӣ, тарроҳӣ ва ҳунарҳои мардумие, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултети технология ва дизайн омода гардида буданд, дидан намуда, баъдан кори ҳамоиш расман оғоз ёфт.
Дар рафти ҳамоиш Қаюмзода Дилноза, Шарофзода Гавҳар ва Шарифзода Исомиддин Умар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки зӯроварӣ — новобаста аз шакл ва андозаи зуҳури он — яке аз мушкилоти ҷиддии умумибашарӣ мебошад. Он ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, ҳаёт ва саломатии одамонро зери хатар мегузорад, устувории оиларо халалдор месозад ва ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Бо таъкиди он ки шиори «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ» танҳо як ҳадаф нест, балки арзиши инсондӯстона ва масъулияти ҳар як шаҳрванди бошараф аст, маърӯзачиён иброз доштанд, ки мубориза бо зӯроварӣ аз ҳар яки мо оғоз меёбад –
аз гуфтори нек, аз муносибати эҳтиромона, аз риояи ҳуқуқу қонун, аз падид овардани муҳити солими оилавӣ ва аз фарҳанги муоширати бунёдгаро.
Дар анҷом таъкид гардид, ки талоши дастаҷамъона имкон медиҳад ҷомеае созем, ки дар он фарзандон дар муҳити амн, занону мардон дар фазои эҳтиром, ва оила дар рӯҳияи муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд намояд.

