Дар асоси мактуби расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 октябри соли 2025, №657, рӯзи 19 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки васеи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол доир шуда, иштирокчиён дар номинатсияҳои дар низомномаи озмун пешбинигардида маҳорат, истеъдод ва дониши баланди худро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як иштирокчӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баромад намуда, ба раванди озмун ҳусни тоза бахшид.
Мақсади баргузории озмун таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва маърифатӣ, тарғиби ташаббусҳои созанда, ҷалби наврасону донишҷӯён ба маърифати миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик мебошад.
Дар анҷом зикр гардид, ки ғолибони даври муассисавӣ муайян ва барои иштирок дар марҳилаи навбатии озмун ба Маркази ягонаи кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод карда мешаванд.

