Субҳи 15-уми ноябри соли ҷорӣ, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, дар фазои тантанавӣ маросими ба истифода супоридани як майдончаи замонавии варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, инчунин собиқадори ҳизбу меҳнат, вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ РафиқаМусоева, шоиру сароянда ва устоди Донишгоҳи Теҳрон — доктор Муҳаммад Абдулҳусейн иштирок намуданд.
Ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ боз як гувоҳӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафи асосиаш фароҳам овардани шароити мусоид барои солимгардонӣ, рушди зеҳнӣ ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврасу ҷавон аст.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро ҳамчун воситаи муҳими рушди ҷомеа ва василаи таҳкими сулҳу ваҳдат арзёбӣ намуда, пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд солим, зирак, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии муосир бошанд. Маҳз дар натиҷаи чунин сиёсати дурандешона имрӯз дар саросари кишвар садҳо иншооти варзишӣ, майдончаҳои футбол, толорҳои муосир, ҳавзҳои шиноварӣ бунёд гардида, даҳҳо ҳазор ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ҷалб шудаанд.
Майдончаи ба истифода додашуда барои ҷавононону донишҷӯёни Донишгоҳ на танҳо макони фароғату бозии солим, балки муҳити тарбияи иҷтимоӣ ва рушди истеъдодҳои нав буда, имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонон вақти озоди худиро самаранок истифода баранд. Ин иқдом бори дигар собит менамояд, ки дастгирии ҷавонон ва рушди инфрасохтори варзишӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Пешвои миллат ба шумор меравад.
Дар анҷом, иштирокдорон зикр карданд, ки минбаъд низ бо ташаббус ва ҳидоятҳои раҳбарияти олии сиёсӣ чунин корҳои созандагӣ идома ёфта, барои рушди тарзи ҳаёти солим, вусъат додани варзиш ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар заминаҳои мусоид фароҳам мегарданд.

