Рӯзи 12.11.2025 дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Суруш» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо» баргузор шуд, ки дар доираи он натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ” эълон гардид.
Зимни ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе натиҷаи ҷамъбасти озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ”-ро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуда, Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон миёни кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ноҳия сазовори ҷойи аввал эълон намуда, барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзанда дар густариши ғояҳои ҳизб ба ректори Донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо Диплом ва Ҷоми дараҷаи аввал тақдим сарфароз гардонида шуд.
Ин дастовард натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолиятҳои созанда ва иштироки пурсамари аъзои ҳизб дар корҳои сиёсиву фарҳангӣ мебошад.
Кумитаи ибтидоии мазкур дар тӯли фаъолият бо ташаббусҳои навоварона, баргузории чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва ҷалби ҷавонон ба татбиќи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар сатҳи ноҳия ва шаҳр маҳсуб ёфта, саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии ДТТ-ро хело назаррас арзёбӣ карда шуд.
Роҳбарият ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо содиқият ба сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои олии Ойинномаи ҲХДТ намунаи ибрат нишон дода, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешрафти ҷомеа пайваста пайваста кӯшишҳои самарабахш пайваста ба харҷ медиҳанд.
Ин муваффақият далели ифтихори Донишгоҳ аз аъзои фаъоли худ ва нишони садоқат ба сиёсати давлатдории миллӣ мебошад.
Сазовори ҷойи аввал гардидан дар озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” барои ҳамаи аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муборак бошад!

