Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.
Чорабинӣ бахшида ба 35 солагии таъсисёбии донишгоҳ доир шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин олимону коршиносони хориҷӣ иштирок намуданд. Форум бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, мусоидат ба рушди технологияи миллӣ ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти инноватсия мебошад.
Дар оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои Донишгоҳ, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, МДТ Литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он 35 соли фаъолияти муассиса, лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ, ихтироот, роботҳо ва дронҳо, электромобил, санадҳои табиқӣ ва маводҳои илмии банашррасида, муаррифӣ гардиданд.
Ректори донишгоҳ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар — самти асосии сиёсати давлатӣ ва омили муҳими рушди устувори кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи Дониш”, ки 1 сентябри соли 2011 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардида буд, иштирок намуда, иброз дошта буданд, ки: “Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад”.
Дар робита ба ин, бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои стратегии кишвар ва барномаҳои давлатӣ дар самти соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, рушди техника ва технология, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои кишвар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ, сипас, соли 1993 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамчунин, хотирнишон намуданд, ки расо 35 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз, 1-уми ноябри соли 1990 нахустин машғулиятҳо дар ин боргоҳи илму маърифт оғоз гардиданд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ифтихор дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, татбиқи идеяҳои навоварона ва таҳияи лоиҳаҳои амалӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Мо кӯшиш дорем, ки донишро ба истеҳсолот бирасонем ва ҳар як ихтироъ, таҳқиқ ва навовариро ба манфиати иқтисоди миллӣ равона созем.
Дар кори форум Мансурӣ Дилрабо, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуда, аз дастовардҳои Донишгоҳ ва саҳми он дар татбиқи сиёсати саноатикунонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ афзуд, ки имрӯз илм бояд ба иқтисоди воқеӣ хидмат кунад. Ҳамкории муассир миёни донишгоҳҳо ва корхонаҳо метавонад муҳаррики асосии рушди саноати миллӣ гардад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намунаи барҷастаи он аст, ки чӣ гуна илм, таҳқиқот ва истеҳсолот метавонанд дар як замина ҳамоҳанг амал намоянд.
Бо суханони табрикотӣ ҳамчунин баромад карданд:
• Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – муовини якуми Раиси ҲХДТ;
•Саидзода Раҳим Ҳамро – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор –вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатмкардаи донишгоҳ;
• Азим Иброҳим – вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ корманди донишгоҳ;
•Қурбонзода Исоҷон Ятим – муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид– муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• собиқ ректорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Пулотов Пулот Атаевич, Шоҳиён Нуралӣ Набот,Амонзода Илҳом Темур.
Суханони табрикотии меҳмонон бо таъкиди нақши муассири Донишгоҳ дар рушди кадрҳои муҳандисӣ ва рушди иқтисоди миллӣ садо дод. Хусусан зикр гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имрӯз яке аз пояҳои муҳими сиёсати саноатикунонии кишвар мебошад, ки тавассути тадқиқоти илмӣ, ташкили озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ба рушди устувори ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, меҳмонони хориҷӣ — аз ҷумла Николай Марин, ректори Донишгоҳи ҷанубу ғарбии Булғористон; Калиари Ирен, Одинтсова Олга Ивановна, Азанова Албина Албертовна бо табрикоти самимӣ баромад намуда, омодагии худро барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои табодули донишҷӯён изҳор намуданд.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки ба як қатор устодон, олимон ва шарикони хориҷӣ унвонҳои ифтихорӣ-Профессори фахрӣ, медали 35 солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Аз ҷумла, ба собиқ корманди донишгоҳ, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, хатмкардаи донишгоҳ- вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, собиқ ректорони донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот -д.и.п., Амонзода Илҳом Темур, д.и.т., Азанова Албина Албертовна-д.и.т., профессори Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон, Ирен Каллияри д.и.т., профессор Донишгоҳи Падоваи Ҷумҳурии Италия, Усманова Туфа Ҷумаевна д.и.и., профессор, Тошматов Маҳмуд Неъматович н.и.и., и.в. профессор, Юсупов Мирзо Чулиевич- н.и.ф-м., дотсент, собиқадорони донишгоҳ бо унвони ифтихории “Профессори фахрии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки имрӯз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба як маркази илмӣ-инноватсионӣ, амаликунандаи таълими зеҳни сунъӣ ва яке аз муассисаҳои олии касбии кишвар пешсаф табдил ёфтааст, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад. Ҳадафи мо — омӯзиши насли нав бо ҷаҳонбинии технологӣ, тафаккури эҷодӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад.
Дар идомаи рўз кори форум дар бахшҳои илмӣ-амалӣ идома ёфта, дар баробари олимони кишвар, инчунин донишмандону пажуҳишгарон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик аз ҷумла, мамлакатҳои Аврупо, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бо баромадҳои илмии худ иштирок ва суханронӣ намуданд. Мутахассисон дар мавзӯъҳои саноатикунонии босуръати кишвар, технологияҳои муосири истеҳсолӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи саноат, робитаи илм бо истеҳсолот ва навовариҳои рақамӣ маърӯза намуданд.
Форуми байналмилалӣ нишон дод, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти иқтисодӣ, ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар анҷоми кори Форум таъкид карда шуд, ки чорабинии сатҳи баланди имрӯза на танҳо як чорабинии илмӣ, балки як паёми равшан аст, ки илм ва дониш калиди саноатикунонии воқеӣ мебошанд. Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин раванд далели он аст, ки рушди иқтисоди миллӣ бе илм ва таҳқиқи амалӣ тасаввурнопазир аст.
Дар кори Форум беш аз 150 маърўзаву мақолаҳои илмии олимону коршиносони дохиливу хориҷӣ шунида шуда, маводҳои он дар шакли Маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида шуданд. Дар баробари Маҷмуаи мақолаҳои илмӣ, китобҳои тоза ба ин муносибат омодагардидаи олимони донишгоҳ таҳти унвони “Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: 35 соли рушд, навоварӣ ва фанноварӣ”, “35 соли муваффақият ва рушд” ва “Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” ба меҳмонони Форум тақдим карда шуд.

