ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Рӯзи 25-уми сентябри соли 2025 ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо муассис ва директори генералии ширкати DI Lab Inc.-и Ҷумҳурии Корея ҷаноби Мён Кванг Мин ва директори техникии ин ширкат хонум Чой Йежи, ки бо мақсади ташкили курсҳои омӯзишии сертификатсионӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, вохӯрии судманд баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ Раҳмонзода З.Ф. вобаста ба густариши ҳамкориҳои судманд, таҳкими робитаҳои таълимию илмӣ байни Тоҷикистону Корея, махсусан ҳамкориҳо бо ташкилоти «Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон – WTIT» ва Фонди миллии тадқиқотии Ҷумҳурии Корея (NRF)
ибрози ақида намуда, фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Кореяи назди Донишгоҳро ҷиҳати омодасозии мутахассисони рақобатноки бозори меҳнат дар самти технологияҳои инноватсионию рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозии бесарнишинҳо, инчунин омӯзондани забон ва фарҳанги кореягӣ самаровар ва қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Инчунин, ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. вобаста ба ташкили курс барои донишҷӯёни Донишгоҳ пешниҳодкардаи ширкати DI Lab Inc. “Асосҳои омӯзиши Python”, ки ҳадафи асосиаш таҳкими тавонмандии зеҳни сунъӣ тавассути пешниҳоди донишҳои бунёдии барномасозии Python ва омӯзиши амиқи он маънидод карда, як қадами бомаврид ва муҳим дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб дониста шуд.
Дар навбати худ ҷаноби Мён Кванг Мин доир ба имкониятҳои ширкати DI Lab Inc.-и Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ташкили курсҳои омӯзишии сертификатсионӣ ва роҳҳои дигари вусъат бахшидани ҳамкориҳо пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Сипас, шартномаи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои баррасишуда байни Донишгоҳ ва ширкати DI Lab Inc.-и Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.