Рӯзи 27.03.2025 вохурии сардори шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳ д.и.т., профессор Иброҳимов Х.И. ва сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷуёни факултети иқтисодиёт ва молия оид ба татбиқи стратегияҳои кабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ профессор Иброҳимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар доданд.
Сипас, сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. дар бораи амалишавӣ, моҳияти ду стратегияе, ки ба самти ихтисосҳои молия ва иқтисодиёт дахл доранд, яъне “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муфассал баромад намуд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои зерини дарозмуҳлати Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинишуда аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад: 1) Ноил шудан ба сатҳи муқоисашавандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромаднокӣ; 2) дастгирии рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ; 3) тавсеа ва таҳкими табақаи миёна; 4) саноатикунонӣ.
Ҳамчунин оид ба марҳилаҳои иҷрои стратегияҳои мазкур маълумот пешниҳод гардид.
Дар охир ба саволҳои иштирокчиёни вохурӣ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.