ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Санаи 1 октябри соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аксияи «Тоҷикона мепӯшем» бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар назди Бинои Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур шинохт ва муаррифии расму ойинҳои миллати тоҷик мебошад. Либоси миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои ҳувият ва фарҳанги ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз бо зебоӣ, рангорангӣ ва ҳунари нозуки дӯзандагии либос машҳуранд. Либоси миллӣ на танҳо василаи пӯшиш, балки рамзи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои мардумӣ низ мебошад.
Шиори «Тоҷикона мепӯшем» маънои онро дорад, ки мо ба решаҳои фарҳангии худ пайвастаем ва онҳоро бо ифтихор ҳифз менамоем. Либоси миллӣ дар баробари намуди зоҳирии зебо дорои маънои амиқи ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ ҳаст. Масалан, атласу адрас, чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва камзул аз зумраи либосҳоеанд, ки симои тоҷиконро бозтоб медиҳанд.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии сабку мӯд, пӯшидани либоси миллӣ на танҳо як суннат, балки амали ватандӯстона низ маҳсуб меёбад. Вақте мо тоҷикона мепӯшем, ба ҷаҳониён нишон медиҳем, ки соҳиби фарҳанги ғанӣ ва таърихи чандҳазорсолаем.
Дар ҷашнҳо, тӯйҳо ва дигар чорабиниҳои миллӣ пӯшидани либоси тоҷикӣ ба фазои идона шукӯҳи бештар мебахшад. Барои насли ҷавон бошад, он мактаби тарбия ва василаи бедор кардани эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, тоҷикона пӯшидан на танҳо ифтихор, балки масъулияти ҳар яки мост. Бо пӯшидани либоси миллӣ мо фарҳанги ниёгони худро зинда нигоҳ медорем ва онро ба наслҳои оянда мерос мегузорем.