Шиносоӣ донишҷӯён аз фаъолияти ҷдмм “кока-кола нушокиҳои тоҷикистон”

Дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ширкату корхонаҳои ватанӣ дар санаи 18 феврали солӣ ҷорӣ бо ҳамоҳангии шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагони Донишгоҳ як гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои технологияи консервкунонӣ, менеҷменти байналмилалӣ ва маркетинги байналмилалӣ аз корхонаи ҶДММ “Кока-кола Нушокиҳои Тоҷикистон” дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва фаъолияти корхона донишҷӯён аз низоми менеҷменти идоракунӣ, сиёсати кадрӣ, раванди истеҳсолот, тартиби гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, бо ҷо кор таъмин гардидан дар корхона, рушди касбият, фаъолияти инноватсионӣ ва маркетингии корхона маълумоти муфассал гирифтанд.