СЕМИНАР ОИД БА НАТИҶАҲОИ САФАРИ ОМӮЗИШӢ БА Ш.ЕЛГАВА (ЛАТВИЯ)

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ” (OFINU)-и барномаи Erasmus + Иттиҳоди Аврупо аз 8-ум то 17-уми январи соли 2025 сафари омӯзишии ҳайати гурӯҳи кории таҳиягарони маводҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба Латвия баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгорони факултети муҳандисӣ-технологии донишгоҳ Икромӣ Х.И., Мирзозода Г.Х. ва Назаров Ш.А. шомил буданд.
Ҳадафи ин сафар иштирок дар семинари омӯзишии 1-ҳафтаина дар Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (ш. Елгава) барои ҳайати омӯзгорон-таҳиягарони модулҳои омӯзишии муассисаҳои ҷалбшудаи Осиёи Марказӣ ин муаррифии модели амалии шакли Донишгоҳи Кушода ва гузаронидани дарси моҳирона (мастер-класс) дар доираи модулҳои пилотии дар донишгоҳҳо тадбиқшаванда буд.
Тибқи нақшаи амалигардонии лоиҳа иштирокчиёни семинари омӯзишии мазкур пас аз бозгашт аз сафар барои дигар омӯзгорон-таҳиягарони модулҳои омӯзишӣ семинар баргузор намуданд, ки дар он бонавбат вобаста ба дониш, малака ва таҷрибаи гирифтаашон муаррифӣ ва мубодилаи афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар семинар ҳайати устодону профессорон, унвонҷӯён ва магистрантони факултети муҳандисӣ-технологӣ иштирок доштанд.
Сараввал Икроми Х.И. дар бораи ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа, ҳадафи семинари омӯзишӣ ва бахшҳои он маълумот пешниҳод намуда, дар маърӯзаи хеш вобаста ба усулҳои инноватсионии таълим, ҳамкории таҳиягарон оид ба коркард ва татбиқи мафҳуму мундариҷаи дастурҳои методӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва корҳои озмоишӣ, иштироки таҳиягарони модулҳои таълимӣ дар раванди машғулиятҳои лексионӣ, гузаронидани корҳои амалӣ-озмоишӣ бо истифода аз дастурҳои методӣ ва коркарди рақамии натиҷаҳо дар барномаҳои автоматикунонидашуда ибрози ақида намуд.
Инчунин, ба таври муфассал оид ба иштирокаш дар машғулиятҳои омӯзишии модули “Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ” ва дар ин замина гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии (баҳодиҳии) сифати маҳсулоти турши ширӣ бо овардани тарзи гузаронидан, раванду реҷаҳо ва таҷҳизотҳои истифодашавандаи кори озмоишӣ маълумот дода, бартарияти таҷҳизотҳои муосири истифодашавандаро қайд намуд.
Дар охири маърӯза доир ба иштирокаш дар машғулиятҳои баҳодиҳии сенсории маҳсулоти гуногуни тайёри хӯрокворӣ, истифодаи усулҳои муосири технология ва таҷҳизоти бастабандӣ, машғулияти назариявӣ доир ба системаи ХАССП, муҳокимаи раванди амалишавии лоиҳа бо SWOT ва дидан кардан аз корхонаи истеҳсоли шири “Тукум” маълумот дод.
Мирзозода Г.Х. зимни маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Чӣ гуна мақола бояд навишта шавад” ба масъалаҳои муҳими омодасозии мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва иттилоотӣ бахшидашуда, ҳадафи он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии илмӣ ва рушди малакаҳои таҳқиқотии муҳассилин ва муҳаққиқони ҷавон диққати иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дар рафти маърӯза мавзӯҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
 тасниф ва хусусиятҳои асосии намудҳои гуногуни мақолаҳо (илмӣ-таҳқиқотӣ, методӣ ва ғайра);
 раванд ва қоидаҳои интихоби мавзӯи мақола бо назардошти аҳамияти илмӣ ва иҷтимоии он;
 сохтор ва меъёрҳои умумии мақолаҳои илмӣ;
 манбаъҳо ва сайтҳои боэътимод барои дарёфти маълумоти илмӣ, аз қабили Google Scholar, ResearchGate, eLibrary.ru, CyberLeninka ва дигар хазинаҳои илмии электронӣ;
 риояи талаботи услуби академӣ, аз ҷумла истифодаи дурусти иқтибосҳо ва истинодҳо.
Гуфта шуд, ки унвонҷӯён бояд ба хатоҳои маъмулии дар навиштани мақолаҳои илмӣ зоҳиршаванда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро аксаран хатогиҳо ҳангоми навиштани мақолаҳо рух медиҳанд, аз ҷумла истифодаи маълумоти нодуруст, такроршавии мазмун, набудани тартиби мантиқӣ ва риоя накардани услуби илмӣ.
Назаров Ш.А. дар навбати худ оид ба ҳадафи истифодаи усулҳои фаъол интерактивии таълим ва нақши онҳо дар самаранокии машғулиятҳо, ки аз ҷониби мутахассиси варзидаи соҳаи педагогикаи таълим Илута Крумина барои иштирокчиёни семинари омӯзишӣ гузаронида шуда буд, ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуда, истифодаи ин таҷрибаи муосирро дар донишгоҳ барои баланд бардоштани ҳавасмандгардонии донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва маҳорати педагогии омӯзгорон муҳим арзёбӣ кард. Ӯ дар маърӯзаи худ доир ба татбиқи модули омӯзишии “Коркарди маҳсулоти нав ”, ки дар машғулиятҳои омӯзишии он иштирок карда буд, чунин мавзӯъҳоро ба таври мушаххас ба иштирокчиён фаҳмонид:
 Нақши инноватсия дар илм ва соҳибкорӣ;
 Тамоюлҳо дар саноати хӯрокворӣ ва илми хӯрокворӣ;
 Насли идея;
 Раванди таҳияи маҳсулот;
 Раванди тиҷоратӣ;
 Арзёбии раванди таҳияи маҳсулоти нав;
 Хакатон “InnoFood”.
Дар семинар аз ҷониби Назаров Ш.А. роҳҳо ва усулҳои истеҳсоли маҳсулоти нав пешниҳод гардид, ки барои омӯзгорону профессорон бисёр ҷолиб буд.
Дар ҷамъбаст, иштирокчиён натиҷаҳои семинарро ба таври мусбӣ арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки барои иштирокчиён ин як таҷрибаи муфиди омӯзишӣ гардид.