Паёми пешвои миллат – заминаи рушди соҳаи маориф

Ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд.
Паёми навбатии Роҳбари давлат, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, аз паёмҳои солҳои қаблӣ аз лиҳози муҳтаво ва серпаҳноии худ фарқкунанда мебошад. 30 фоиз зиёд кардани музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф ва 20 фоиз афзудани маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо аз зумраи ҳамин тафовутҳост.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Дар низоми давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.
Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд. Бояд қайд намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад.
Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки дар Паёми хеш на танҳо аз муваффақиятҳо сухан гӯянд, балки камбудиву мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлату ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, ин самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Аён аст, ки маориф ва илм ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Иброз карда шуд, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Масъалаи таҳлили муфассали вазъи инфрасохтори соҳаи маориф ва илми кишварро тибқи Паём баррасӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ рушди босуръати соҳаи маориф ва илм дар кишвари мо хеле ҳам назаррас аст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Иброз гардид, ки агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Инчунин, қайд карда шуд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Албатта, субъектони марказии тарбия дар ҷомеа, пеш аз ҳама оила ва маориф мебошанд, ки дар меҳвари он падару модар ва омӯзгорон қарор доранд. Аз ин хотир, дар Паём ба ин қишри ҷомеа Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъулияти муайянро низ дар ҷодаи таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа ба онҳо вогузор намудаанд.
Дар воқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро, пойдориву устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр ва соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд киштии миллатро ба соҳили мақсуд биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимон вобаста аст.
Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб ёфта, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат мебошад, ки фармудаанд: “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст”. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат масъул аст.
Чунонки Пешвои миллат дар Паёми хеш нисбат ба мақоми омӯзгор иброз намуданд: “Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.
Ҳама ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва пеш аз ҳама Роҳбари давлат ба хотири рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Вобаста ба вазъи муассисаҳои олии таълимӣ, бунёду азнавсозии онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ, шумораи муассисаҳои мазкур ва теъдоди донишҷӯёне, ки дар онҳо таҳсил менамоянд, сифати омодасозии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм дар Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки дар раванди омодасозии мутахассисони оянда нақши муҳим мебозанд, дар робита ба ин шумораи муассисаҳои олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 48 адад расидааст. Пешвои миллат дар Паём баррасӣ намуданд, ки “Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд”.
Вобаста ба масъалаи таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ бошад, дар Паём таъкид гардид, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд.
Пас ин нишондиҳандаи он аст, ки рушди маориф ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тавсеаи ин соҳа ҳамаҷониба таъмин аст, танҳо ҷавонону наврасонро мебояд дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои омӯхтани донишҳои нав талош варзанд.
Кабирова Оиша
мудири шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашри
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон