ОМӮЗИШ ВА РАВАНДИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ МИЁНИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МУҲАНДИСӢ–ТЕХНОЛОГӢ

Санаи 27.03.2025 вохӯрии кормандони шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети муҳандисӣ–технологӣ оид ба татбиқи стратегияҳои кабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ профессор Иброҳимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, консепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар дод. Мавсуф, оид ба мазмуну мундариҷа ва моҳияти таъсирбахши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҷомеъа, бахусус дар соҳаи маориф суханронӣ намуд. Инчунин, вобаста ба самти ихтисосҳои факултети муҳандисӣ–технологӣ оид ба Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 маълумот дода шуд. Оид ба татбиқи Барнома, таҳлилҳои гузаронидашуда вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ, ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар таркиби маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ, истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии соҳаҳои асосии саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳиссаи маҳсулоти асосии ғизогии истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ аз рӯи гурӯҳи молӣ дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ, коркарди зироатҳои равғандиҳанда, дурнамои ҳаҷми истеҳсоли пахта ва коркарди чигити пахта дар солҳои 2020-2025 бо мақсади истеҳсол намудани равғани пахта, коркарди меваю сабзавот, дурнамои ҳаҷми истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот дар солҳои 2020-2025, коркарди шир, дурнамои ҳаҷми истеҳсоли шир дар сорлҳои 2020-2025, коркарди гӯшт ва дурнамои ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯшти дар давраи амалисозии Барнома ва соҳаи қаннодӣ ва дар умум оид ба дурнамои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ дар солҳои 2020-2025 маълумоти кофӣ пешниҳод гардид.