
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол, ки албатта аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, таъсиси Квотаи Президентӣ мебошад. Ҳанӯз соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон Пешвои муаззами миллат зарурати таъсиси квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъкид намуданд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2001, №199 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2005» заминаи воқеиро барои имтиёзнок қабул намудани духтарон ба муассисаҳои олии касбӣ гузошт. Сипас, қарорҳои минбаъдаи Президент нисбати ҷавонони тибқи квота дохилшаванда дар заминаи он ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2005, №184 «Дар бораи квотаи Президентии қабули ҷавонони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ (беимтиҳон) барои солҳои 2006-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2010, №628 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва ҳамасола “Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” мавриди амал қарор дошта, роҳкушои иқболи духтарон ва таъмини ҳаёту фаъолияти шоиста ба ҳар як бонуи тоҷик мебошад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, таъкид шудааст, ки аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли 2023 танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин рақамҳо , ки ман онҳоро бо ифтихор арқоми бахту иқболи баланд ва роҳкушои саодати духтарону бонувони тоҷик медонам, натиҷаи таваҷҷуҳ, муҳаббат ва дастгириҳои рӯзафзуни падаронаи Пешвои муаззами миллат мебошанд.
Мо занон-духтарони даврони Истиқлол ифтихор мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ғамхору роҳнамои мо буда, моро ба илмомӯзиву худшиносӣ, ватандӯстиву созандагӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят мекунанд. Сухани таърихӣ ва ифтихорангези Пешвои муаззами миллат, ки гуфтаанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”, масъулияти моро барои иҷрои рисолати аслии худ бештар намуда, барои боз ҳам муттаҳид шудан атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои ин Абармарди таърих – роҳкушои иқболи модарону бонувони тоҷик, илҳом мебахшад.
Яминзода Заррина Акрам, доктори илмҳои техникӣ, дотсент,
муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти ДТТ