КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ФАНОВАР» ОҒОЗИ СОЛРО БО ДАСТОВАРДИ НАВ ШУРУЪ НАМУД

Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли навро бо дастоварди назаррас оғоз намуда, дар озмуни умумишаҳрии ҳизбӣ аз рӯи номинатсияи «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол» ғолиб дониста шуд. Озмуни мазкур бахшида ба «Соли 2025 — соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардида, фаъолияти пурсамар ва ташаббускоронаи кумита баҳои баланд гирифт.
Маросими супоридани ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ баргузор шуда, онҳо ба Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар»-и ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён тақдим гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҳизбӣ дар соли 2025 бо мақсади қадрдонии ғолибони озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолону ҷонибдорони ҳизб баргузор шуда, нақши муҳими Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар»-ро дар пешбурди сиёсати ҳизбӣ бозгӯ намуд.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Фановар»-и ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва қадрдониҳои пайваста изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати иҷрои оиномаву барномаҳои ҳизбӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизбӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти олии ҳизб бармеоянд, талоши бештар хоҳад варзид.

Leave a Reply