Дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Донишгоҳ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар тақвияти зеҳни касбии мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Нахуст конференсияро ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон мо ба таъмини рушди бонизоми технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ зери ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем. Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат соҳаи маорифро асоси пешрафт ва афзалиятнок эълон намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки ин соҳа асос ё таҳкурсӣ барои пешрафт ва расидан ба зиндагии шоиста ва ҳамқадами замон буданро, бо татбиқи технологияҳои нави иттилоотию-коммуникатсионӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ рабт дода, асоси рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар меҳисобанд.
Дар идома Зоир Файзалӣ иброз намуд, ки хушбахтона имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат, ин вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Дар Паёми навбатӣ ба таври возеҳ таъкид гардид, ки рақамикунонӣ бояд ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, молия ва аз ҷумла маориф татбиқ гардад.
Ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. қайд намуд, ки дар шароити имрӯза истифодаи васеи энергияи сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, истифодаи дастовардҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, хусусан зеҳни сунъӣ масъалаҳои асосӣ ва талаби замон мебошанд. Дар ин раванд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дорои нерӯи кадрию илмии баланд буда, барои ҳалли ин масъалаҳо ҳиссаи арзандаи худро гузошта метавонад.
Баъдан, зимни баромади ифтитоҳӣ муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исмоилзод Ҳаким Шамсулло роҷеъ ба раванди рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун як ниҳоди давлатӣ ва мақоми ваколатдор дар самти мазкур корҳоро мунтазам роҳандозӣ намудаистодааст.
Сипас, бо гузоришҳо ва маърузаи илмӣ сарходими илмӣ-профессори пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров Силмон Султоназарович дар мавзуи “Технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ”, аъзои Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқҷон Миров дар мавзуи “Истифодаи моделҳои омузиши мошинӣ дар роҳнамоии касбӣ”, рохбари лоиҳаи интернет портали ягонаи давлатӣ Зебо Хокимҷонзода дар мавзуи “Low code – платформа барои таҳияи сомонаҳо. Конструктори сомона барои вазорату идораҳо” ва намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Заирова Саврина дар мавзуи “Таҳлил ва ҳолати кунунии соҳаи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Дар интиҳо устодон ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро байён доштанд.
ДТТ, 21.02.2025