Дар санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васаеи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ва меҳмонон Конфренсияи илмӣ-амалиӣ дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба таълим ва корҳои методӣ Сафарӣ Умед Анвар, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Сафарзода Бобоҷон Самад, сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои олии таълимии Агентӣ, номзади илмҳои техникӣ, Алиев Фирдавс Алиевич сардори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Худоиева Наргис Нағзибекова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати аввали конфронс ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ҳамаи иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, якояки онҳоро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон табрику таҳният намуд. Номбурда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бомдоди Истиқлоли давлатӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида, аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ тамоми дороияшро аз даст дод. Дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи давлатдории навин сайъу кӯшиш ва ғайрату матонати фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари давлат аз рӯзи ба сари ҳокимият омадан дар таҳким бахшидани сулҳу субот дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ҷиҳати таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муҳим андешида, 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расониданд, ки он дар заминаи қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Яъне ба тарзи дигар, ҳеҷ меросе аз артиши собиқ шӯравӣ барои таъсиси ин ниҳод мавҷуд набуд. Зина ба зина бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Артиши милли Тоҷикистон ба як нерӯи бузурги ҳарбӣ табдил ёфта, дар минтақа ва фаротар аз он ҷойгоҳи худро касб кард.
Дар сухани ифтитоҳии хеш директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода М.С. иброз дошт, ки Ватан чи қадар калимаи зебост ва он барои ҳар шахс муқаддас мебошад. Мавсуф зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иро намуданд, ки “Ҳифзи Ватан вазифаи инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад”. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо яке аз шоҳсутуни мамлакат ба ҳисоб меравад. Номбурда, афзуд, ки дар баробари афсарону сарбозон, мо низ чун афсари эҳтиётӣ бояд ҳамеша дар дифои Ватану миллат омода бошем ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ саф ороставу майдондорӣ намоем.
Муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба таълим ва корҳои методӣ Сафарӣ Умед Анвар, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Сафарзода Бобоҷон Самад, сардори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Худоиева Наргис Нағзибекова, сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои олии таълимии Агентӣ, номзади илмҳои техникӣ, Алиев Фирдавс Алиевич дар суханрониҳои худ оид ба таърихи таъсису ташкили Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар ин самт муфассал маърӯза карданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки Пешвои миллат тавонистанд дар заминаи холӣ ва алангаи оташи ҷанги таҳмилли шаҳрвандӣ Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таъсис диҳанд, ки аввалин сафороии ҳарбии он 23-юми февраи соли 1993 дар маркази шаҳри Душанбе бавуқуъ омад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо Артишии миллиамон ба як нерӯи пуриқтидор табдил ёфтааст, ки дар зарфи 32 сол тавонист барои ҳифзи марзу буми малакат, манофеъи миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми назарраси худоро гузорад. Дар фароварди сухан иброз карда шуд, ки агар “сулҳ мехоҳӣ барои ҳифзи марзу бум омода бош”.
Дар фарҷоми конфронс муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва иделогии Донишгоҳ Шарифзода И.У. ёдовар шуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хизматҳои Пешвои миллатро дар ин самт ҳамаҷониба қадршиносӣ намоянд ва аз ин оромиву осудагии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон шукрона намоняд. Мавсуф қайд кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори волоест. Шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бояд меҳани азизамонро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Пас аз анҷоми конфронси мазкур аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
ДТТ, 21.02.2025