Тибқи нақшаи муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи «Хизмат ба Модар-Ватан – шарафи ҷавонмардист» башида ба 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомиддин Умар, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ Мусоев Сайфулло ва Маликов Одина Шарифович, инчунин Раҷабов Абдулло, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ширкат варзиданд.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомиддин Умар зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, нақши ҷавонон дар ҳифзи амнияту суботи кишвар басо муҳим мебошад. Ӯ зикр кард, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бояд аз муҳити донишгоҳ оғоз гардида, ҷавононро ба эҳсоси масъулият, садоқат ба Ватан ва ифтихор аз хизмат ба давлат раҳнамун созад.
Номбурда афзӯд, ки дар ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихист. Маҳз бо ташаббус ва иродаи қавии Сарвари давлат Қувваҳои Мусаллаҳ ба як ниҳоди муназзам, касбӣ ва боэътимод табдил ёфтанд.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба масъалаи амнияти миллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дода, сиёсати равшану дурбинонаро дар самти ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ амалӣ намуданд. Қабули санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, таъсиси қисмҳои низомии муосир, такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардиданд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани нуфузи хизмат дар сафи Артиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хизмат дар Артишро мактаби мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ мекунанд.
Мусоев Сайфулло, собиқадори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, аз таҷрибаи хизматии худ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад. Ӯ ҷавононро ба интизоми ҳарбӣ, устувории ирода ва омодагии ҷисмонию маънавӣ даъват намуда, таъкид кард, ки сарбоз пеш аз ҳама бояд ватандӯст, поквиҷдон ва содиқ бошад.
Маликов Одина Шарифович, собиқадори Қувваҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ, дар баромади худ қайд намуд, ки сулҳу суботи имрӯз натиҷаи заҳмату фидокориҳои фарзандони далери миллат аст. Ӯ ҷавононро ҳидоят кард, ки донишомӯзиро бо тарбияи ахлоқӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ пайваста, ҳамеша манфиатҳои давлату миллатро болотар аз ҳама гузоранд.
Раҷабов Абдулло, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд сиёсати давлатро дастгирӣ намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми фаъол гузоранд.
Бояд қайд кард, ки вохӯрии мазкур бори дигар собит намуд, ки хизмат ба Модар-Ватан на танҳо вазифа, балки шараф ва ифтихори ҳар як ҷавонмард мебошад. Суханрониҳои собиқадорон ва масъулон дар дили донишҷӯён ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба ҳифзи давлату миллатро боз ҳам таҳким бахшида, онҳоро ба роҳи хизмат содиқона ба Тоҷикистон ҳидоят намуд.

