Тоҷикон дар срзамини Мовароуннаҳр ва Хуросони дар баробари рушди фарҳангу адабиёти мардуми бумӣ, ҳамзамон аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун ин сарзамин ҳамеша робитаҳои зичи дўстона барқарор намуда, кўшиш ба харҷ медоданд, ки бо ин халқу миллатҳои ҳамҷавор ва ҳамзабону ҳамкеш дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ин ормони инсондӯстона ва хирадмандона, ки маншаъ аз андешаи ҳамзистии дўстона ва бародаронаи халқу миллатҳо мегирад, аввалин маротиба шоҳаншоҳи бузурги тоҷикон Куруши Кабир дар Эъломияи ҳуқуқи башар ҷой дода, мардумони кулли оламро ба ҳамдилию бародарӣ даъват намуда, орзуи бунёди ҷомеаи солими инсониро дошт. Ин пиндори башардўстона минбаъд дар осори илмию эҷодӣ ва динии гузаштагони мо мавқеи муҳимро гирифта, тадриҷан аксари қавму қабилаҳо, дину мазҳабҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ бо эҳтиром муносибат намудани якдигарро ҳадафи асосии рафоқат қарор дода, дӯстиро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин заминаи неку ҳамгироӣ гузаштагони бошарафи мо бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус бо халқҳои бародари ўзбек, қирғиз, туркман, қазоқ ва ғайра дўстии мустаҳкам барпо намудаанд, ки он садсолаҳо аз санҷишу имтиҳони таърих сарбаландона гузашта, ҳамчун сабақи сиёсӣ то ба замони имрӯз аҳамияти худро гум накардааст.
Дар ҳақиқат, тоҷикон бо халқҳои ҳамҷавор, новобаста аз забону фарҳанги миллиашон дар бисёр лаҳзаҳои вазнини фалкатбори таърих, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХУ боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дўстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои адабю илмӣ ва сиёсӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд ва муаллифону муҳаққиқони осори илмию адабӣ ин намунаи дӯстиро аз беҳтарин муносибатҳои инсонӣ қаламдод намудаанд. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабиниҳои наврӯзӣ дар ҳузури Президентҳои Узбекистон ва Қирғизистон дар бораи аҳамияти ин дӯстии дахлнопазирии тоҷикон бо халқҳои ҳамсоя чунин ибрози андеша намуд: “Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем.
Бовар дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.
Он ҳам боиси итминон аст, ки мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда, бешубҳа, омили муҳимми рушду таъмиқи минбаъдаи муносиботи байнидавлатӣ ва ҳамкории мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак хоҳанд шуд.
Ин ниёзмандиҳои табиии мардумони се кишвар аст ва мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем”.
Имрӯзҳо давлатҳои ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои мустаҳкам ва рушд намудани муносибатҳои шарикӣ
иродаи қатъии сиёсӣ нишон медиҳанд. Бисёр рамзист, ки вохӯрии сарони давлатҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста истодааст. Барои мо тоҷикон, сафари Сарвари давлати Ӯзбекистони бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ҳамчун муждаи нек дар муносибатҳои мутақобилаи дӯстонаи халқҳоямон маҳсуб мешавад. Лозим ба зикр аст, ки дар Ӯзбекистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев равобити дар замони Ислом Каримов сардшудаи ду кишвари ҳамсоя дубора рӯ ба густариш оварда, ҳамасола ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариши бештар касб мекунанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ 10-уми июни соли 2021 дар «Шоми дӯстӣ» бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иброз доштанд: “Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии халқҳои мо, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавонистанд муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои худро ба сатҳи сифатан нав бароранд. Миёни кишварҳои мо сатҳи олии муносибатҳои байнидавлатӣ — шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон собитқадамона пеш мераванд, муносибатҳои худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо маром рушд медиҳанд.”
Воқеан, ҳам мардуми сарбаланди ҳар се кишвар асрҳои аср дар паҳлуи ҳам зиста, робитаи фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ногусастанӣ доранд. Агар ба дигар самтҳои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи даҳсолаҳои охир назар афканем, метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишварҳои мо гузаштаи ин ҳамкориҳоро хуб дар ёд доранд. Мардуми ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародар хуб дар хотир доранд, ки чигуна вазъият доштаанд ва имрӯз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихӣ дар равобити дӯстӣ ва ҳамҷавории неки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович шаҳодат медиҳад, ки онро метавон баёнгари эҳё ва рушди ҳамкориҳои фарогир миёни ду кишвар арзёбӣ намуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-уми октябри соли 1992 барқарор гардида бошанд ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи умумии бисёрасра ва бою рангин дорад. Халқҳои моро муштаракоти фарҳангиву маънавӣ муттаҳид месозад. Урфу одат, анъанаҳо, тарзи зист ва арзишҳои миллиамон он қадар пайваст гаштаанд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо намудан номумкин аст. Вақте ки сухан дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику узбек меравад, пеши назар муносибати бародаронаи ду симои бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба ёд меояд. “Решаи ин дӯстӣ, албатта, на фақат бар ҷиҳатҳои фардии хислатҳои ин ду марди бузург, балки дар заминаи умумияти ҷаҳонбинӣ, мувофиқати комили ақидаву назарҳои онҳо ба мақсад ва вазифаҳои адабиёт қарор гирифтааст”, мегӯяд адабиётшиноси номӣ Бертлс Е.Э. дар мавриди дустии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ. Дӯстии ин ду нобиға – Ҷомиву Навоӣ тӯли қарнҳо рамзи дӯстии абадии ду халқи бародар боқӣ мемонад. Ҷомӣ дар мавриди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек чунин байтҳоро пеш овардааст:
Ҳамин хислатҳои неки дӯстонаи адибони номбурдаро мардумони тоҷику ӯзбек низ идома дода истодаанд. Бояд гуфт, ки нақши тоҷикон ва ӯзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар бағоят бузург мебошад. Ҳарду халқ ба “Шашмақом” умри дубора бахшиданд ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон гардид. Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.
Ба имзо расидани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро мо шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз дастовардҳои баланди сиёсии ду кишвари мустақил истиқбол намуда, таманно дорем, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ин хатти сарҳад оғози муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду давлат хоҳад шуд, ки он дар Наврӯзи соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Бовар дорем, ки ба шарофати ташрифи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Ҷабборов ва сиёсати адабпарваронаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дўстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабўтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар се халқро чун намунаи тозаи дӯстию бародарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.
АСОМУДДИНИ АБДУМУМИН
мудири кафедраи фанҳои гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
