Табрикоти ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!
Нахуст Рӯзи модарро, ки дар оғози зеботарин фасли сол – Баҳори нозанин фаро мерасад, ба ҳамаи занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва таҳсилашон барору комёбӣ орзу менамоям.
Эълон гардидани Рӯзи модар дар кишвари соҳибистиқлоламон амри тасодуфӣ набуда, бо суннатҳои қадимӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамон такя мекунад. Маҳз модарон ҳастанд, ки бо қалби бузургу ҳастии хеш ба ин ҷаҳон сидқу сафо ва меҳру вафо мебахшанд.
Аз ин рӯ, ба хотири эҳтиром гузоштан ба Зан – Модар ҳамасола (шурӯъ аз соли 2009) дар кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯзи фараҳбахш дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.
Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи модар иброз доштанд, ки “Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд”.
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некию накукорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандаш саъю талош менамояд.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорҳо фарзанди фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Зан ояндасозу бунёдгари миллату давлат аст. Чунки асоси тарбияи насли наврасро зан бар дӯши худ гирифтааст. Бидуни шубҳа, пойдевори ахлоқу адаб, озодагиву сарбаландии фарзандро дар хонавода модар мегузорад.
Боиси ифтихор ва хурсандист, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан-Модар, ки сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ба ҳисоб меравад, пайваста ғамхорӣ намуда, заҳмати онҳоро ҳамеша қадр менамоянд. “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон таҳия гирдидааст, далели равшани ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбати ин олиҳаи ҳусн буда, ба таҳкими мақоми занону бонувон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳозирини гиромӣ! Пеш аз он ки дар бораи саҳми беназири занону бонувони донишгоҳ дар таълиму тарбияи донишҷӯён, омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ, ҳарф занем, овардани чунин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақсад мувофиқ медонам, ки гуфтаанд: “Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд”.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки чунин занону бонувони кордону ташаббускор дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ зиёданд ва бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо минбаъд низ бо кору пайкор ва иқдому ташаббусҳои наҷибашон дар рушди илми ватанӣ, омода кардани мутахассисони варзида ва тайёр намудани олимони ҷавон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ, дар ҳақиқат замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки фаъоли занону духтарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фазои басо мусоид фароҳам овард ва имкон дод, ки занону бонувони кишвар комёбиву дастовардҳояшонро боз ҳам афзун намоянд.
Бори дигар тамоми модарону бонувони азиз ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимиро орзу менамоям.
Ид муборак бошад, модарону бонувони азиз!