«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз яке аз масъалаҳои ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияташон экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷаъмиятӣ – сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он вазифа ва қарзи инсонии ҳар як шахси комил мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушд нахоҳад кард. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст. Он ба арзишҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ қарор доранд, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, таҳаммулпазирӣ байни халқҳо ва кишварҳо бевосита ҳамла намуда, дар амалишавии ин принсипҳо таъсири манфии худро мерасонад.
Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 қайд гардид: «мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Зимни амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳои дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои таърихӣ вайрон гардида, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки боиси хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери хатар мегузорад.
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳолатҳои ногувор ва вазъи нохуби ин ё он давлатҳо истифода мекунанд ва бештар фаъол мегарданд. Махсусан, ифротиёни динӣ, ки аз дини мубини ислом сӯистифода карда, миёни аҳолии осоишта иғво меандозанд, аз ҷумлаи ҳамин гуруҳҳои ба ҷомеа зараррасон мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки амалҳои ифротгароӣ мардуми шарифи кишвари моро низ солҳои 1992 – 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркушӣ оварда, ба Ватани маҳбуби мо оқибатҳои вазнин ва хисоротҳои зиёде расонидааст.
Дар робита ба ин дар Паёми навбати Пешвои миллат қайд карданд, ки «Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Яъне, таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад».
Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд. Аз ҷумла ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо пешгирӣ намояд.
Таърихи афкору башар исбот менамояд, ки илму дониш ҳамеша меҳвари пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ буда, барои расидан ба зиндгии шоиставу саодатманди инсоният саҳми муносиби хешро гузошта бар алайҳи хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе аз мутассибони камсавод ҳамеша дар мубориза будааст.
Мутафаккирону донишманди асили ҳар давру замон хурофот, нодонӣ ва тассубу ҷаҳолатро зери интиқод қарор дода, равшангари роҳи башар хираду андеша ва донишандӯзиву пажуҳиш ва навгироиву фаннавариро тараннум намудаанд.
Масъалаи хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дар Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Рамҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он Пешвои миллат аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кардаанд: «Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад».
Дар ин самт оила низ нақши босазо дорад ва бояд, ки насли имрўзаю ояндаро дар руҳияи баланди ватандўстию хештаншиносӣ, худшиносию худогоҳӣ, садоқат ба Ватану миллат тарбия намояд, то фарзандон дар ҳифзи урфу одат, расму оин, забону фарҳанг ва манфиатҳои миллиамон ҳамеша омода бошанд ва хуб дарк намоянд, ки фарҳангу маданияти миллати куҳанбунёди тоҷик бо хурофотпарастӣ ҳеҷ ягон алоқа надорад ва дошта низ наметавонад.
Имрӯз мо, ҷавонон шукронаи онро мекунем, ки дар як фазои ободу озод ва орому осуда зиндагӣ менамоем. Пас, чаро барои ҳифзи ин неъматҳо кӯшиш накунем. Лозим бошад барои ҳифзу гиромидошти ин арзишҳои миллӣ, забони миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳифзи марзу ватани таърихиву аҷдодии худ ҷони худро нисор менамоем. Чунки ягон унсури бегона ба мероси таърихиву аҷдодии ниёгони мо баробар ва ҷойи онро гирифта наметавонад. Аз ин рӯ ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар буда, бар зидди терроризму ифротгароӣ муқовимат намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва мо ҷавононро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб хоки аҷдодии кишвари азизамонро ҳифз намоем ва барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бо роҳу усулҳои самарабахш омода шуда, муборизаи беамон барем.
Дар тамоми вазъу ҳолат мо шаҳрвандони ин марзу буми муқаддас ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва доимо пайрави мактаби бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.
Тағойназарзода Фаррух,
ҳуқуқшиноси дараҷаи 3,
сардори Бахши ҳифзи меҳнати ДТТ