ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РАҚАМИКУНОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

28 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ҷанубу Ғарбии ба номи Неофит Рилски (Булғористон) ва Донишгоҳи давлатии Астрахан ба номи В.Н. Татишев (Россия) Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувори иқтисодиёт: илм, технология ва истеҳсолот», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Форумро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ифтитоҳ намуда, аҳаммияти чорабинии мазкурро дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои стратегии миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва Даҳсолаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таъкид намуд.

Дар маросими ифтитоҳ Латифзода Парвиз – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Дилафруз намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи АМИТ профессор Ғафоров Абдулазиз Абдулофизофич, меҳмонон аз Булғористон ва Узбекистон, ректорони донишгоҳҳои ҳамташкилкунанда, профессорон Марин Николай ва Алексеев Игорь Александрович бо суханони табрикотӣ баромад намуданд. Инчунин, олимону муҳаққиқони варзида аз Тоҷикистон, Булғористон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, технологияҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии форум доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишкадаи саноати сабук ва нассоҷии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ташпулатов Салих Шукурович дар мавзуи «Ҳамкории фаромарзӣ: илм бидуни марз» ва доктор Манҷит Каур, ходими илмии Маркази рушди технологияҳои пешрафтаи ҳисоббарорӣ (C-DAC), шаҳри Моҳалии Ҷумҳурии Ҳиндустон, дар мавзуи «Аз битҳо то кубитҳо: дарки имкониятҳо ва дурнамои ҳисоббарориҳои квантӣ» маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ пешниҳод намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, рушди технологияҳои пешрафта ва дурнамои истифодаи ҳисоббарориҳои квантиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки ба форум 225 мақолаи илмӣ ворид гардид, ки 30 фоизи онро мақолаҳои олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз Булғористон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

Баргузории форум дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот аҳаммияти муҳим дорад.

Leave a Reply