ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ТОҶИКИСТОН!

Ҳайати профессорону устодон, кормандону донишҷўёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйдоди бузурги фарҳангиву илмӣ дар маркази таваҷҷуҳи байналмилалӣ – ЮНЕСКО қарор гирифтани мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ва Ҳаким Умари Хайём, ҳамчун зодагони миллати сарбаланди тоҷик бо эҳсоси баланди ифтихор ва шодмонӣ истиқбол менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 23 – 27 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ва фарҳангӣ бахшида ба мероси гаронбаҳои ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.

Ин иқдоми муҳим ба муаррифии саҳми арзандаи ин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар рушди илми тиб, математика, астрономия, фалсафа, адабиёт ва фарҳанги башарӣ, инчунин ба баланд бардоштани эътирофи байналмилалии мероси таърихиву маънавии халқи тоҷик равона гардид.

Дар доираи чорабинӣ конфронси байналмилалии илмӣ, намоиши китобҳо, дастнависҳо ва осори таърихии марбут ба Ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардида, масъалаҳои аҳаммияти ҷаҳонии осори онҳо, таъсири ин донишмандон ба ташаккули афкори илмӣ ва рушди тамаддуни башарӣ мавриди баррасии олимону муҳаққиқони кишварҳои гуногун қарор гирифтанд.

Бо ифтихор ёдовар мешавем, ки Абӯалӣ ибни Сино, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳон эътироф шудааст, бо осори гаронбаҳо дар соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва дигар илмҳо ба рушди донишҳои башарӣ саҳми беназир гузоштааст. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» («Қонуни тиб») дар тӯли асрҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таълим ва омӯзиши тиб дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба шумор рафта, дар ташаккули андешаҳои илмии табибон ва донишмандон нақши муассир бозидааст.

Ибни Сино намунаи барҷастаи тавоноии тафаккури илмӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқат, донишандӯзӣ ва пайванди илму амал мебошад. Осори ӯ алҳол низ аҳаммият гум накарда, ҳамчун мероси арзишманди тамаддуни башарӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад.

Ҳаким Умари Хайём низ аз чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ буда, бо дастовард дар инкишофи илмҳои математика, астрономия, фалсафа ва адабиёт ба ганҷинаи маънавии башар саҳми назаррас гузоштааст. Таҳқиқоти ӯ дар соҳаи математика, хусусан ҳалли муодилаҳои алгебравӣ ва андешаҳои илмӣ дар соҳаи астрономия, инчунин таҳияи тақвими дақиқ, дастовардҳои муҳимми илмии даврони ӯ маҳсуб меёбанд.

Рубоиёти фалсафии Хайём, ки масъалаҳои ҳастӣ, инсон, дониш, вақт, маънои зиндагӣ ва арзишҳои ахлоқиро дар бар мегиранд, то ҳол ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар байни хонандагон ва муҳаққиқони байналмилалӣ маҳбубияти зиёд доранд. Осори Умари Хайём таҷассумгари андешаи амиқ, озодандешӣ, хирадварзӣ ва ҷустуҷӯи маънои воқеии зиндагӣ буда, ҳамчун мероси адабӣ ва фалсафии ҷаҳонӣ арзиши бузург доранд.

Коллективи устодону шогирдони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардидани чунин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо шодмонӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати илму фарҳанги тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Пешвои муаззами миллат дар ташаккули худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани хизматҳои ҷаҳоншумули фарзонафарзандони миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ истиқбол менамоянд.

Ин рӯйдод бори дигар собит месозад, ки мероси илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ниёгони тоҷик на танҳо арзиши миллӣ, балки аҳаммияти умумибашарӣ дорад. Номи Ибни Сино ва Умари Хайём дар қатори бузургтарин донишмандони таърихи инсоният қарор дошта, осори онҳо марзҳои ҷуғрофӣ, забонӣ ва замониро убур намуда, барои наслҳои имрӯзу оянда сарчашмаи дониш, хирад ва илҳом мебошанд.

Мо, бар он назарем, ки муаррифии чунин мероси бузург дар сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи донишандӯзӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи миллат ва масъулияти созандагӣ дар назди ҷомеа аҳаммияти хос дорад.
Ифтихор дорем, ки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Ибни Сино ва Умари Хайём  бо осори мондагори дар пешрафти илму тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, номи миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.

Ин дастовард барои мо сабақи таърихӣ, сарчашмаи ифтихор ва ангезаи нав барои рушди илму маориф, таҳқиқоти илмӣ, навоварӣ ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат мебошад.

Leave a Reply