Дар таърихи 24 ноябри соли 2026 бо мақсади таҳкими робитаи назария бо амалия, баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва ташаккули малакаҳои амалии донишҷӯён, боздиди омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси гурӯҳи 1-49010102 А – Технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ (нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва консентратҳои ғизоӣ) аз Корхонаи ордбарории ба номи М. Ҳафизов (ҶСШК «М. Ҳафизов»), воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, баргузор гардид. Боздиди мазкур бо мақсади гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар шароити воқеии истеҳсолӣ ва шиносоии донишҷӯён бо раванди коркарди ғалла, истеҳсоли орд, макарон ва фаъолияти таҷҳизоти истеҳсолӣ амалӣ карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои дарозмуддат байни муассисаи таълимӣ ва корхона, аз ҷумла таъсиси филиали кафедра дар заминаи ҶДММ «М. Ҳафизов» баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ барои дар муҳити воқеии истеҳсолӣ ба роҳ мондани машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд. Боздиди мазкур ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои муассисаи таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва пайванди илм, таълим ва истеҳсолот арзёбӣ гардид.


