Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 23 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Парчами давлатӣ рамзи ҳувият ва соҳибдавлат» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуқодирзода Фаррух, ҳайати роҳбарият, устодону донишҷӯёни иштироки фаъол намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмонони чорабинӣ ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба ин рӯзи саодатовари миллат, ифтихор аз миллату давлатдорӣ ва шукуҳи истиқлоли кишвар – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ибрози андеша намуда, самимона табрику таҳният намуданд.
Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва эътимод ба ояндаи дурахшони давлат мебошад. Ҳар вақте ки Парчам барафрохта мешавад, дар он мо таҷассуми на танҳо се ранг, балки таърихи ҳазорсолаҳо, муборизаҳои гузаштагон, ормонҳои наслҳо, заҳмати мардум, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва эътимод ба ояндаро мебинем.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, боиси ифтихор аст, ки дар таҳияву тарҳрезӣ ва омода кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон саҳми бевосита доранд.
Дар таҳияи рамзҳои давлатӣ аз ҷониби зергурӯҳи корӣ, аз ҷумлаи устодони ДТТ равоншод, профессор Зуҳур Нурҷонович Ҳабибуллоев – Рассоми халқии Тоҷикистон, собиқ Раиси муссавирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, собиқ мудири кафедраи тарҳрезии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, интихоб шуданд. Ба гурӯҳи корӣ инчунин, равоншод Анатолий Нартсисевич Заневский – дизайнер, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор, собиқ Раиси иттифоқи дизайнерҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаблан Раиси иттифоқи дизайнерҳои Ҷумҳурии Беларус), собиқ мудири кафедраи тарҳрезии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Лариса Назаровна Додхудоева – муаррих ва санъатшинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ (ҳоло доктори илмҳои таърих, профессор) ва Ирина Игнатушина – муаррих ва санъатшинос, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, ки ҳамаи онҳо омӯзгорони кафедраи тарҳрезии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буданд, боиси ифтихори устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бояд бошад.
Моро зарур аст, ки дар замони пурҳаводиси ҷаҳони имрӯза эҳтиром ба Парчам бояд дар шуури шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ҳамчун эҳтиром ба Ватан, давлат, таърих ва арзишҳои миллӣ ташаккул ёбад. Парчами давлатӣ бояд моро ба қадр кардани сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва нигоҳ доштани дастовардҳои давлатдорӣ ҳидоят намояд. Парчам моро даъват менамояд, ки истиқлолиятро қадр кунем, ваҳдати миллиро ҳифз намоем, сулҳу суботро таҳким бахшем, ба таърихи худ эҳтиром гузорем, дониш омӯзем, меҳнати ҳалол намоем ва барои ободии Тоҷикистон саҳм гузорем, қайд намуд зини баромад Раҳмонзода З. Ф.
Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуқодирзода Фаррух Комил бо маърӯза дар мавзуи “Парчами давлатӣ рамзи садоқат ба соҳибихтиёрӣ ва давлатдорӣ” бо тафсил баромад намуд. Аз ҷумла, қайд анмуд, ки парчамдории халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз замони Сосониён то Сомониён ва махсусан дар замони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттифоқи Шӯравӣ аз соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сосиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1929 ба ҳайси ҷумҳурии алоҳидаи ҳафтум дар ҳайати ин давлати абарқудрат то соли 1991 шомил буд ва бо ивази рамзу матн борҳо парчамаш таѓйир ёфтааст.
25-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ дар назди Қасри Арбоб барафрохта шуд. Баъд аз фурсате онро ботантана ба толор ворид намуданд ва Раиси навинтихобшудаи Шурои Олии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонов Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсида, ба дида молида, бори аввал савганди садоқат ба Ватан ва миллатро ёд мекунанд. Ин ҳодисаи таърихӣ абадан дар лавҳи хотироти миллат сабт шуда, дар сафҳаи таърих бо хатти заррин навишта мешавад. Ёдовар шавам, ки Парчами давлатии мо аз 2-юми марти соли 1992, ҳангоми ба ҳайати Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳайси давлати мустақил қабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, барафрохта мешавад, қайд намуд прокурори ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар идомаи кори конференсия ба як қатор кормандон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар давраи фаъолият, ба донишҷӯёне, ки ба дастоварҳо ноил гардиданд ва ба ѓолибони чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби рохбарияти донишгоҳ бо ифтихорнома ва мукофотпулиҳо сарфароз гардиданд.
Дар охир аз ҷониби ансабли тарона ва рақси “Зуҳал“-и донишгоҳ чорабинии рангину хотирмони фарҳангӣ доир гардид.

