ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН!

Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Зеҳни сунъӣ»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Носиров Алишер дар III Озмуни байналмилалии илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии «Агроинноватсияҳо: роҳ ба сӯи рушди устувор», ки аз ҷониби Донишкадаи кишоварзии Туркманистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, аз рӯйи номинатсияи «Лоиҳаҳои IT» сазовори дипломи дараҷаи II гардид.

Ин дастовард аз иқтидори баланди илмӣ, тафаккури инноватсионӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалии илмӣ шаҳодат медиҳад.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Носиров Алишерро бо ин дастоварди арзанда табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти илмию инноватсионӣ комёбиҳои нав ва муваффақиятҳои минбаъда орзу менамояд!

Leave a Reply