ТАҲКИМИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пос доштани таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҷузъи ҷудонашавандаи шинохти миллӣ ва бедории маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ифтихор аз гузашта ҳамчун силсилае наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва робитаи мустаҳкаме миёни дирӯз, имрӯз ва фардоро таъмин менамояд. Дар осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи тоҷикон бо шеваи илмӣ ва воқеъбинона таҷассум ёфтаанд.

Муҳиммияти ин осор, пеш аз ҳама, дар он аст, ки паҳлӯҳои гуногуни худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва ифтихори миллӣ бо диди амиқи таҳлилӣ инъикос ёфтааст. Ҳамчунин, таҷассум ёфтани воқеиятҳои сулҳи тоҷикон ва наҷоти миллат аз парешонӣ, дигар нуқтаи муҳимме ба шумор меравад, ки арзишмандии ин навиштаҳоро боз ҳам бештар менамояд.

Дар баробари таҳлил, асарҳои Пешвои муаззами миллат равзанае ба сӯи оянда низ ҳастанд, ки дар худшиносии миллат замина ба миён меоранд. Дар онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ ва масири таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии шаҳрвандӣ ва афзоиши тафаккури таърихии насли нав устувор ба назар мерасад. Мазмун ва муҳтавои ин осор хотиррасон мекунанд, ки ҳар фард ҳалқае дар занҷири таърих аст, ки ба воситаи мавҷудият гузаштаро бо оянда мепайвандад. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми таърихнигории тоҷик кушодааст.

Бояд гуфт, ки арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат бо гузашти айём тақвият хоҳад ёфт. То кунун як қатор асарҳои Пешвои миллат рӯи чопро дидаанд, ки аксари онҳо силсилавӣ буда, таърихи пурифтихори халқи тоҷикро инъикос менамоянд.

Номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари овардани сулҳ, суботи сиёсӣ, ваҳдати комил ва таъмини амният, боз бо эҷоди шоҳасарҳои арзишманду инсонсоз дар сафҳаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Зеро асарҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат маънавиёти миллатро камол бахшида, мактаби бузурги ахлоқиву сиёсиро бунёд кардааст. Бешубҳа, заминаи эҳёи дубораи давлатдорию эҷодкории тоҷикон асарҳои пурмуҳтавои Роҳбари давлат буда, онҳо арзиши аслии таърихӣ ва илмӣ доранд. Муҳимтар аз ҳама, дар асарҳои Пешвои миллат баландтарин нуқтаи худшиносию худогоҳӣ дарҷ гардида, ба ҷаҳонбинии хонанда таъсири мусбат мерасонад. Ба ин зумра асарҳо метавон «Чор соли истиқлолият ва худшиносӣ» (1995), «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1995), «Тоҷикон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Дин ва ҷомеа» (2013), «Раванди ваҳдат ва назарияи он» (2013), «Чеҳраҳои мондагор» (2016), «Уфуқҳои истиқлол» (2018), «Забони миллат – ҳастии миллат» ва ғайраро ном бурд, ки садҳо ҳазор хонанда доранд ва насли ҷавону ояндасозро дар руҳияи ватандорию хештаншиносӣ тарбият намуда истодаанд.

Асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти ҷумҳурӣ шиносномаи родмардону бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсати миллати тоҷик аст. Ин шахсиятҳо, дар мисоли Зардушт, Куруши Кабир, Имоми Аъзам, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ ва дигарон ҳастанд, ки барои дифоъ ва озодии миллат, башардӯстӣ, ҳамдилии халқҳои олам кӯшидаанд ва ба ин васила, афкори инсондӯстонаро дар таърихи башарият ҷовидон мондаанд. Пешвои миллат оид ба хислатҳои ҳамидаи ин ашхоси бузург (хоксорӣ, ҷавонмардӣ ва тавонмандӣ), ки баҳри пойдории давлати миллӣ ва тамаддуни ориёӣ, сулҳу субот ва раҳоӣ аз парокандагӣ ҷаҳд кардаанд, таҳқиқу таҳлили амиқ анҷом додаанд. Бо мутолиаи ин асар мо бо гузаштаи пурифтихорамон ошно гардида, асли хешро мешиносем.

Дар асари дуҷилдаи Пешвои миллат «Тоҷикистон – даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (2021) масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Асари Пешвои миллат, ки ба мавзуи таҳқиқи мо дахл дорад, «Уфуқҳои истиқлол» мебошад. Он аз нигоҳи таърихӣ ниҳоят муҳим буда, аз ҷониби Пешвои миллат ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ омода гашта, соли 2018 ба нашр расидааст.

Дар «Уфуқҳои Истиқлол» перомуни бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои мамлакат дар чаҳоряк асри замони Истиқлоли давлатӣ, марҳалаи эҳё, барқарорсозию рушди давлати миллии тоҷикон, тараққиёти иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Мундариҷаи китоб аз сарсухан, 5 боб ва охирсухан иборат мебошад.

Дар сарсухан муаллиф ба аҳаммияти истиқлолият барои миллати тоҷик ва нақши он дар эҳёи давлати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ин боб ҳамчун муқаддимаи китоб ҳадафҳои асарро муайян кардааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки дар боби таърихи қадимӣ ва сарнавишти давлатдории ниёгонамон мо дар китобу навиштаҳои пешини худ ба таври васеъ изҳори назар кардаем ва руҳи шикастнопазиру симои ҷовидонаи миллатамонро дар оинаи таърих инъикос додаем, аммо дар ин китоб дар бораи бисту панҷ соли душвор, вале пурифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён намудем.

Боби аввал – «Истиқлолияти давлатӣ – марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» ба таҳлили вазъияти мамлакат дар аввали солҳои 1990, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Муаллифи муҳтарам чунин иброз менамояд: «Ба хотири манфиатҳои миллии ҷумҳуриамон мо ба таври огоҳона сиёсати «дарҳои кушода»-ро интихоб намудем, ки дар тамоми ин давра ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун чумҳурии мутамаддини демократӣ ва дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дӯст ҳамчун шарики боэътимод эътироф гаштааст. Сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтаст». Дар ин давра ҷумҳурӣ бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд, аммо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувор, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид.

Боби дуюм «Рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» ба таҳлили масоили соҳибистиқлолӣ, афзалияти стратегии ҷумҳурӣ, амалисозии сиёсати мустақили иқтисодӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо давлатҳои дигар, такмили низоми идораи рушди иқтисод, рушди бахши хусусӣ, авлавияти рушди соҳаи саноат, рушди соҳаи сайёҳӣ, пешбурди сиёсати минтақавии ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Муаллифи муҳтарами китоб иброз менамояд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ қонунгузорие, ки муносибатҳои кориро танзим карда, дар маҷмуъ, ба меъёрҳои байналмилалии меҳнат мувофиқат менамояд, ташаккул ёфт. Сиёсати давлат ба ташкили ҷойи нави кор тавассути мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ ва шуғли занон, инчунин рушди касбҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, густариши амалияи истифодаи шаклҳои мавсимии шуғл ва мутобиқ гардонидани малакаи қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шуда, дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Дар ин давра шумораи аҳолии қобили кор ду маротиба афзуд ва ҳоло 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми даҳ соли охир ба ҳисоби миёна ҳар сол аҳолии қобили кор ба миқдори 123 ҳазор нафар меафзояд.

Боби сеюм «Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он» ном дошта, ба дастовардҳои соҳаи илм, рушди соҳаи маориф, миллати солим, муҳоҷират дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Дар он муаллиф аз ҷумла, таъкид менамояд, ки “дар муддати 25 соли истиқлолият мо дар ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриамон ба дигаргуниҳои куллӣ ноил гардидем ва рушди сармояи инсониро барои пойдории давлати миллиамон дар мадди аввал қарор додем. Дар баробари ин, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ташкили ҷойи нави кор, танзими муҳоҷирати корӣ, идораи равандҳои марбут ба даромад ва хароҷоти пули аҳолӣ, пардохти нафақаю кумакпулиҳо, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист ва ғайра барномаҳои давлатиро қабул ва дар амал татбиқ намудем. Татбиқи ҳадафҳои дар ин барномаҳо тарҳрезишуда нишон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳамчун давлати иҷтимоӣ, воқеан, ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷомеаро ба ҳайси самти афзалиятноки сиёсати давлат эътироф ва дар амал татбиқ менамояд».

Боби чорум «Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат», ба таҳлили масоили фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, низоми идораи давлатӣ, мақоми зан ва ҷавонон дар ҷомеа, озодии виҷдон, озодии баён, таъмини амнияти миллӣ бахшида шудааст. Ба андешаи муаллифи муҳтарам, ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро ҷомеаи иттилоотӣ ном мебаранд ва дар Тоҷикистон низ барномаи махсуси давлатӣ то соли 2020 дар самти таҳкими он қабул шуд. Унсури муҳимми ҷомеаи иттилоотӣ дастрасии мустақим ба иттилоот аст ва хизматрасониҳои гуногуни давлатиро ба маротиб осон мегардонад. Имрӯзҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз дастовардҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба таври васеъ истифода менамоянд, ки он, дар навбати худ, хусусияти миллии фарҳанги нави сиёсиро дар ҳоли рушду пешрафт қарор додааст. Пешбинӣ мешавад, ки бо устувор гаштани пояҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шаҳрвандӣ таҳким меёбад ва истифодаи васеи неруи инсониро дар сиёсатгузориҳои давлатӣ ба роҳ монда, барои татбиқи ҳадафманди он шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар боби панҷуми ин асари нодири илмӣ «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» марҳалаҳои ба роҳ мондани сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, барқарор намудани равобити хориҷӣ, муаррифии ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷӣ, амалӣ намудани сиёсати «дарҳои кушод», густариши равобити минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Аз ҷониби муаллифи муҳтарам иброз мегардад, ки албатта, солҳои оянда таҳаввулот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар фазои геополитики ҷаҳон ва хусусан, дар муносибати қудратҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фазои татбиқи сиёсати бисёрсамтиро мураккабтар менамояд. Шиддат ёфтани ихтилофи байни қудратҳои ҷаҳонӣ ба вазъияти умумии байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад, ки вазъияти минтақаи мо низ аз он истисно нест. Аз ин рӯ, воқеияти нави байналмилалӣ ва геосиёсӣ тақозо менамояд, ки таҷрибаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҷиддӣ омӯхта ва ҷамъбаст гашта, ин сиёсат бо ҷиддияти боз ҳам бештар, бо камоли воқеъбинӣ ва прагматизми сиёсӣ идома дода шавад. Дар ҷамъбасти масъала бояд гуфт, ки самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи мамлакатамон дар арсаҳои мухталиф мебинем. Дар айни замон Тоҷикистон, дар маҷмуъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар давлатҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳм мегузорад.

Дар хотима муаллифи муҳтарам хулоса бароварда, таъкид менамоянд, ки «акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддӣ пешорӯйи мо хоҳанд буд, вале, бо вуҷуди ин, мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем».

Асомиддини АБДУЛМУМИН,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, номзади илми таърих,

Leave a Reply