ПРЕЗИДЕНТ ВА РОҲИ ТАЪРИХИИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Таърихи давлатдории ҳар як миллат аз саҳифаҳои сарнавиштсозе иборат аст, ки дар онҳо иродаи сиёсӣ, хиради роҳбарӣ ва масъулияти таърихии шахсиятҳои барҷаста нақши ҳалкунанда мебозанд. Барои миллати тоҷик яке аз чунин марҳалаҳои тақдирсоз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ки дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ масъалаи ҳифзи давлат, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти ҳаётӣ пайдо карда буд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарии сиёсӣ ворид гардида, масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, дар таърихи навини кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳими давлатсозӣ сабт шудааст. Ин иҷлосия заминаи ташаккули низоми нави идоракунии давлатӣ ва оғози раванди барқарорсозии сулҳу суботро фароҳам овард.

6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихоботи президентӣ марҳалаи нави рушди низоми конститутсионӣ ва идоракунии давлат оғоз гардид. Аз ин рӯ, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 16 ноябр рост меояд, ифодагари эҳтиром ба таърихи давлатдории навини кишвар ва арзишҳои истиқлолияти миллӣ мебошад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Дар шароите, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳастии давлат ва ягонагии ҷомеа таҳдид мекард, сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат барои ба ҳам овардани неруҳои мухталифи ҷомеа аҳаммияти бузург доштанд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 барои оғози марҳалаи нави зиндагии осоишта ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ замина гузошт.

Пас аз таъмини сулҳу субот, ҳадафи асосии давлат ба таҳкими истиқлолият, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардид. Дар ин раванд татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, бунёди роҳҳои байналмилалӣ, рушди энергетика, саноатикунонии кишвар ва эҳёи иқтидори истеҳсолӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо карданд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун иншооти муҳими аср таҷассумгари талошҳои кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувор мебошад.

Дар баробари рушди иқтисодӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва ташаккули захираҳои инсонӣ низ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, рушди таҳсилоти олӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши илмҳои муосир заминаи муҳимми омодасозии кадрҳои баландихтисосро фароҳам меорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника, рушди технологияҳои иттилоотӣ, рақамисозии идоракунии давлатӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо аҳаммияти хос касб менамоянд. Аз ин лиҳоз, тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии муосир, тафаккури созанда ва қобилияти рақобатпазир яке аз омилҳои асосии таъмини ояндаи устувори давлат ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда мавқеи худро таҳким мебахшад. Пешбурди сиёсати хориҷии мутавозин, ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим, сулҳ, зеҳни сунъӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакат мебошанд.

Ҳамин тариқ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми олии давлатдорӣ, балки бознигарӣ ба роҳи тайкардаи кишвар, қадршиносии сулҳу ваҳдат ва масъулиятшиносӣ дар назди ояндаи Ватан мебошад. Ин рӯз ҳар як шаҳрвандро ба ҳифзи истиқлолият, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.

Бешубҳа, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди илму маориф ва заҳмати содиқонаи ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар бунёди Тоҷикистони ободу пешрафта мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! Бигзор сулҳу ваҳдат, субот ва шукуфоии Ватани азизамон ҳамеша пойдор бошад!

Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин, муовини ректори ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply